Март 15, 2022 10:03 Asia/Dushanbe
  • Амирабдуллоҳиён озими Маскав шуд

Вазири умури хориҷаи Эрон, Теҳронро ба мақсади Маскав тарк кард.

Ба гузориши ИРНА, Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон ба манзури ройзанӣ дар мавриди масоили минтақаӣ ва музокироти Вена, бомдоди имрӯз (сешанбе) озими Маскав шуд.

Намояндагии Русия назди созмонҳои байналмилалӣ дар Вена низ шаби гузашта эълом кард, ки Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Сергей Лавров ҳамтои русии вай 15 март дар Маскав бо ҳам дидор ва гуфтугӯ мекунанд.

Дафтари намояндагии Русия дар Вена эълом кард, ки ин дидори рӯзи сешанбе ва бо таваҷҷӯҳи вижаи вазирони хориҷаи ду кишвар бар рӯи музокироти Вена баргузор мешавад.

Бештар бихонед:

Барчасп