Март 16, 2022 17:38 Asia/Dushanbe
  • Нозанини Зоғарӣ ба давлати Англия супурда шуд

Нозанини Зоғарӣ,ки ба ҷурми ҷосусӣ барои Англия дар Эрон дастгир шуда буд, имрӯз чаҳоршанбе пас аз гузарондани даврони маҳкумияти худ ба давлати Англия супурда шуд.

Нозанини Зоғарӣ шаҳрванди эронӣ – британияӣ, ки таҳти унвони мудири пружае дар ширкати расонаҳои гуруҳии " Томсон Райтер " фаъолият мекард, сеюми аирели соли 2016 дар Эрон боздошт шуд .
Нозанини Зоғарӣ бо узвият дар ширкатҳову муассисоти бегона дар тарроҳӣ ва иҷрои пружаҳои расонаӣ-кибернитекӣ бо мавзӯи барандозии нарми низоми Ҷумҳурии исломии Эрон мушорикат доштааст .
Зоғрӣ дар додгоҳи солеҳаи Ҷумҳурии исломии Эрон ба 5 сол ҳабс маҳкум шуда буд .
Ба гузориши хабаргузории Форс давраи маҳкумияти 5 солаи Зоғарӣ тамом шуд ва вай дар ивази озодсозии 530 миллион доллар амволи бандшудаи Эрон ва озодии як эронӣ дар Англия мубодила шуд .
530 миллион доллар амволи бандшудаи Эрон пеш аз озодии Зоғарӣ ба ҳисоби Эрон ворид шудааст .

 

Барчасп