Иҷозаи заррае шайтанат ба душманро намедиҳем
Фармондеҳи нерӯи дарёии артиши Эрон дар оини бадрақаи новгурӯҳи 81-уми ин нерӯ ба маъмурияти обҳои озод ва дурдаст гуфт, Эрон ҳечгоҳ иҷозаи заррае шайтанат ба душман нахоҳад дод ва онро нобуд хоҳад кард.
Адмирал Шаҳроми Эронӣ, фармондеҳи нерӯи дарёии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи ҷумъа дар оини бадрқа афзуд, ҳандасаи қудрати ҷаҳониро расад мекунед ва мебинед барои тағйири он чӯ гуна талош мешаваду ҳама ҳам дар он нақш доранд, душман намехоҳад дар ин ҳандаса шакли зебое ба номи Эрони исломӣ вуҷӯд дошта бошад ва тамоми талоши худро мекунад то аз роҳи нуфӯз ин шаклро барҳам бизанад.
Вай афзуд, доктринаи дифоии Эрон асосан мубтанӣ бар асли боздорандагӣ тавсеа ёфтааст, барои эҷоди боздорандагии воқеӣ, доштани тавонои низомӣ ва таслеҳотии муътабар ва дар ихтиёр доштани нерӯҳои мусаллаҳи қудратманду муҷаҳҳаз, нақши асосӣ дорад.