Март 19, 2022 21:39 Asia/Dushanbe
  • Эрон мизбони мусобиқоти Билярд ва тимии Осиё
    Эрон мизбони мусобиқоти Билярд ва тимии Осиё

Эрон ба унвони мизбони мусобиқоти Билярд ва тимиии Осиё дар соли 2022 интихоб шуд.

Ба гузориши федератсиони Булинг Билярд дар нишасти ҳузури ҳайатҳои раисаи конфедератсиони варзишҳои Билярди Осиё (ACBS) бо ҳузури аъзои ин ҳайатраиса баргузор шуд, ки дар поён Эрон мизобони мусобиқоти Билярд ва тимии Осиё шуд.

Ин мусобиқот дар октябри 2022 дар Эрон баргузор хоҳад шуд.

Ҳошими Искандарӣ, раиси федератсиони Булинг Билярди Эрон дар бораи ин нишаст гуфт: Бо таваҷҷуҳ ба шароити каронаӣ дар Ҷаҳон ва Осиё теъдоде аз барномаҳои конфедератсиони риштаҳои Билярди Осиё дар Қатар ва Аморот баргузор шуда буд ва теъдоде ҳам дар замони муқаррар анҷом нашуд, ки дар маҷмуъ, ин маворид мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Искандарӣ бо баёни ин ки Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соли оянда мизбони мусобиқоти Билярд ва тимӣ хоҳад буд, гуфт: Дар соли 2023 низ мизбони мусобиқоти ҷаҳонии Билярд ҳастем.

Раиси федератсиони Билярд ҳамчунин гуфт: Эрон яке аз кишварҳои фаъол дар Билярди ҷаҳон ва осиё ба лиҳози мизбонӣ аст ва ин мавзуъ барои федератсиони ҷаҳонӣ ва конфедератсионии Осиё низ аҳамият дорад.

 

Барчасп