Табрики наврузии раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ирсоли паёме фаро расидани Наврӯзро ба ҳамтои тоҷики худ раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон табрик гуфт.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайид Иброҳими Раисӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ирсоли паёме ба раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фаро расидани Наврӯз ибрози умедворӣ кард ки дар қарни ҷадид ҳаракат ба сӯи арзишҳои инсонӣ суръати бештар ёбад.
Матни паёми тарбики Сайид Иброҳими Раисӣ ба шарҳи зер аст:
Ҷаноби оқои Эмомалӣ Раҳмон
Ба муносибати фаро расидани Наврӯзи нишотофарин ва дубора ҷон ёфтани табиъат ва замин, фаро расидани соли 1401 ҳиҷри хуршедиро ба ҷаноби олӣ, хонводаи муҳтарам ва мардуми азизи Тоҷикистон самимона табрик ва таҳният мегуям.
Наврӯз намод ва падидаи тамаддунии арзишгаро аст. Таваҷҷуҳ ба дигаргунии табиъат мояи пойдории дил ва дастовезе барои рушд ва таъолии башарият аст. Шоъири бузург Саъди низ ба некӣ месарояд:
Хезу ғанимат шумор ҷунбиши боди рабиъ
Нолаи мавзуни мурғон, бӯи хуши лолазор
Умедворам дар қарни ҷадид ҳаракат ба сӯи арзишҳои инсонӣ суръати бештар ёбад ва ҳамчунин Наврӯз, рӯз ва рӯзгори шодтар ва хурамтар барои дилҳо ва ҷонҳои ҳамаи мардумони он диёр ва ҳамдиливу оромиши бештаре барои миллатҳои минтақа рақам бихурад.
Ҷумҳурии Исломии Эрон тақвият ва густариши ин ҳамбастагии фарҳангиро навидбахши оромиш ва сулҳ барои ҳамаи кишварҳои минтақа ва ҷаҳон медонад ва дар ин росто дасти дустиро ба гармӣ ба сӯи ҳамаи кишварҳо дароз мекунад.
Аз Худованди Мутаъол саломатӣ ва мувафақияти он ҷаноб ва шодкомӣ ва сарафрозии кишвари дӯст ва бародари Тоҷикистонро хосторам ва соли саршор аз хайру баракат барои Шумо орзу дорам.