Март 20, 2022 23:35 Asia/Dushanbe
  • Паёми наврӯзии раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон: Қарни понздаҳум, қарни Эрони Исломӣ аст
    Паёми наврӯзии раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон: Қарни понздаҳум, қарни Эрони Исломӣ аст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни ин ки қарни понздаҳум давраи нақшофаринии фаъоли миллати Эрон ва ба таъбири дақиқтар қарни Эрони Исломӣ аст, изҳор дошт: Давлати мардумӣ дар ҳафт моҳи гузашта нишон дода аст, ки ба он чи мегуяд амал мекунад. Таъодулро ба сиёсати хориҷӣ бозгардондем ва дар ҳоли талош барои беасарсозӣ ва рафъи ҷинояти таҳрим кишварро муъаттали БарҶом накардаем.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, доктор Сайид Иброҳими Раисӣ дар нахустин паёми наврӯзии худ ба миллати Эрон дар масҷиди ҷомеъи Хурамшаҳр бо баёни ин ки миллати Эрон бедуни тардид имсол натиҷаи истиқомат ва истодагии худро хоҳад дид, гуфт: Аввалин паёми наврӯзии инҷониб ба унвони ходими ҷумҳур, паёми кору талоши шабонарӯзӣ ва бевақфа барои сохти Эрони қавӣ ва пешрафта аст. Ҳеҷ миллате бедуни кори мутароким ва истифода аз ҳаддиаксари манобеъи инсонӣ ва табиъӣ ба ҷое нарасида ва соли ҷадид ва қарни ҷадид барои ҳамаи мо бояд оғози даври ҷадид аз кори муваллид, муфид, самарабахш ва пешрафтофарин бошад.

Матни комили нахустин паёми наврӯзии раиси ҷумҳури ба шарҳи зер аст:

Ё Муқаллибал қулуби вал абсор, ё Мудаббирал лайли ван-наҳор, ё Муҳаввилал ҳавли вал-аҳвол, ҳаввил ҳолано ило аҳсанил ҳол!

Бисмилллоҳи Раҳмони Раҳим Алҳамдулиллоҳи рабилъоламин ва салалоҳу ало сайидино ва набийино Муҳаммад ва оли тоҳирин ва саҳбил мунтаҷабин.

Фаро расидани Наврӯзи нишотофарин, дубора ҷон ёфтани табиъат ва замин, ҳулули соли 1401 ҳиҷри шамсиро ба шумо миллати азиз ва сарафрози Эрон ва Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ самимона табрик ва таҳният арз мекунам.

Тақоруни иди саъиди нимаи Шаъбон валодати босаъодати ҳазрати Маҳди(аҷ) бо талиъаи соли навро ба фоли нек мегирем.

Аз Худованди Мутаъол фараҷи ҳазрати  Маҳди(аҷ)-ро хосторем. Наврӯз намод ва табалвури тамадуни арзишгарост, тамадуни фарҳангсоз ва маънавиятгаро, ки нуқтаи авҷи фарҳанги баромада аз Худопарастӣ, хонаводадустӣ ва сулҳгустарӣ аст.

Наврӯзи имсол лаҳзаи таҳвили қарн аст, дар нигоҳи куллӣ қарни чаҳордаҳум қарни инқилоби исломии миллати азизи Эрон буд ва ин миллат дар таърих дурахшон боқӣ хоҳад монд.

Иншоаллоҳ қарни оянда, қарни зуҳур ва эътидоли тамадуни эронӣ-исломии баромада аз инқилоби шукуҳманди исломӣ бошад қарне, ки мардуми мусалмони Эрон ба раҳбарии имом Хумайнӣ(р) худро аз зери султаи истикбор ва истибдоди дастнишонда раҳо кард ва истиқлол ва озодиро бо истиқрори марудумсолории динӣ дар қолаби низоми муқаддаси Ҷумҳурии Исломии Эрон наҳодина кард, Миллати азиз ва қаҳрамони Эрон инҷо намоди истодагии шумо аст, маҷиди ҷомеъи Хурамшаҳр.

Дар 8 соли ҷангӣ таҳмилӣ, шарқу ғарби олам дар як ҷабҳаи воҳид дар баробари истиқлолхоҳии Эрон саф кашида буданд, аммо имрӯз барои таъомул бо Эрон бо якдигар рақобат мекунанд. Ин азамати миллати бузурги Эрон аст миллати Эрон аз гарданаҳои сахт ва печидаи таърих бо сарафрози ва ҳифзи истиқлол убур кард.

Албата ҳамчунон аз кайди душман ғофил нест, қарни понздаҳум қарни нақшофаринии фаъоли милллати Эрон ва ё ба иборати рушантар қарни Эрони исломӣ аст. Ҳамаи қавмҳои эронӣ аз форсу, луру, курду, озарӣ, балуч, араб ва туркаман ҳама дар хидмат ба ин ормони миллӣ ҳаракат мекунанд. Ҳамаи мо як хонавода ҳастем бо сарнавишти муштарак, хонаводаи эронӣ. Давлат дар ҳафт моҳе, ки аз оғоз ба кораш мегузарад нишон дод мусамам аст ба он чи мегуяд амал мекунад.

Гуфтем ки каронаро ба тавфиқи илоҳӣ ва кумаки мардум, маҳор мекунем алҳамдулиллоҳ анҷом шуд гуфтем, ки кишвар ва иқтисодро муъаттали БарҶом намекунем ҳама диданд, ки дар вақти анҷоми музокирот ва ба коргирии абзорҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ барои рафъи ҷинояти таҳрим, аммо тамаркузи худро бар хунсосозии таҳримҳо қарор додем.

Ҳама диданд, ки аз ҳамон моҳҳҳои аввал чигуна зарфиятҳои ақибмондаро ба луфти Худованди Мутаъол ва мардум фаъол кардем. Хушбахтона нишонаҳои рушд ва суботи иқтисодӣ ва афзоиши чашмгири арзиши тиҷорати хориҷӣ ва содироти ғайринефтӣ дар ин муддат падидор шуда аст. Тиҷорат бо ҳамсоягонро ба нафъи мардум афзоиш додаем. Гуфтем, ки ҳадафгузории аслии давлат маҳори таварум ва эъмоли сиёсатҳои таварумзудо аст. Ба лутфи илоҳӣ ин ҳаракат оғоз шуд ва имрӯз шеби таварум дар се моҳи ахири сол коҳанда шуд, оморҳо гувоҳ бар ин мудаъост гуфтем, ки чархи тавлидро ба қувват ба ҳаракат дармиёрем.

Оморҳои расмӣ, ки ҳануз то поёни 3 моҳи севвум аст нишон медиҳад рушди иқтисодӣ ба болои 5 дарсад расида аст, гуфтем аз ҳамаи зарфиятҳои кишвар барои суръат додан ба пешрафт ва ободонии кишвар истифода мекунем.

Ҳама шоҳид буданд, ки чигуна барои ҳамвортар кардани масири хидматгузори дастгоҳҳо ва ниҳодҳои умумӣ ва иқлилобӣ роҳ боз шуд ва ҳама дар канори ҳам ба хидмат рафтем имрӯз ҳамаи ниҳодҳои иқилоби исломӣ бо давлат дар канори якдигар қарор доранд ва ҳама дар канори мардум қарор доранд, бар хилофи мақтаҳое, ки доиман масъулон аз минбарҳо зидди якдигар бадгуӣ мекарданд ва мардумро нигарон мекарданд, бо ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии қувваҳо ва ҳамаи ниҳодҳо талош шуд ихтилофи назарҳо ба дохили ҷаласоти коршиносӣ мунтақил шавад ва минбарҳои расмиро ба маҳали тазриқи руҳияи умед ва ҳамгароӣ барои ҳалли мушкилоти кишвар табдил кардем, гуфтем, ки манофеъ ва амнияти мардумро бо ҳеҷ чизе муъомила намекунем.

Ҳама диданд, ки афзоиши тавони дифоъӣ ва мушакӣ ва қазоии кишварро дар авлавият қарор додем, чун амнияти кишвар дар авлавият аст умедворем, ки давлати мо давлати содиқулқавл бошад. Ваъдаҳои додашуда дар замони худаш амали шавад давлати шумо мардум бо дипломосии фаъол таъодулро ба сиёсати хориҷӣ бозгардонда аст. Бузургтарин дастоварди кишвар дар ин солҳо шикасти муфтазиҳонаи сиёсатӣ фишори ҳадиаксарии амрикоиҳо буд, ки бо муқовимати миллати Эрон ин шикаст муясар шуд.

Азизон ва мардуми бузургавори Эрон идораи кишварро аз масири дурусте шуруъ кардем, сарнавишти миллатро дар дастони бегонагон ҷустуҷу накардем, дугонасози ва фосилагузориро, ки заъифкунандаи қудрати миллат аст канор гузоштем нишон додем, ки қудрати майдони ба нафъи қудрати сиёсӣ аст. Дипломоси метавонад дар хидмати саломат бошад равобити хориҷиро дар хидмати иқтисоди ҷомеъа ба кор гирифтем ва ин ҳамон маънои давлати таҳавулгаро ва адолатмеҳвар аст.

Миллати азизи Эрон ман аз ранҷҳои шумо ба сурати мустақим бо хабар ҳастам ва дар сафарҳои устонӣ ва дар мулоқотҳои умумӣ бо мардум онро ламс мекунам.

Дар 7 моҳи кори давлат талошҳои зиёде барои беҳбуди вазъияти маъишати мардум ва кантроли таварум анҷом шуд ва ҳамчунин таваҷҷуҳи хос ба ақшори заъиф доштем ва иншоаллоҳ пас аз ин низ хоҳем дошт. Дар тули муддати шуруъ ба кори давлат бисёри аз коргоҳҳои таътил ва ниматаътил ба мадори тавлид бозгаштанд, дар соли ҷорӣ иншоаллоҳ масъалаи иштиғол масъалаи аввали мо аст, бекорӣ маншаи ҳамаи мусибатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ аст ва ҳимоят аз тавлид дар аввали барномаҳои давлат хоҳад буд. Барномаҳои зиёде дар ин муддат дар роҳандозии тарҳҳои калони миллӣ ва тарҳҳои минтақаи пайгири шуда аст.

Дар ҳавзаи тавлиди маскан, маҳори таварум ва эҷоди иштиғол иқдомоте анҷом шуд, ки ба зуди натоиҷи он дар кишвар мушоҳида хоҳад шуд, ба ҳавлу қуваи илоҳӣ ва бедуни тардид имсол миллати Эрон натиҷаи истиқомат ва истодагии худро хоҳанд дид, чунончи дар гузашта низ натоиҷи истиқомат ва муқовимати онҳо рушан шуда аст. Умедворем соли ҷадид соли поёни карона дар саросарои ҷаҳон ва хотимаи ҷанг ва оворагӣ дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон бошад. Аввалин паёми наврӯзии инҷониб ба унвони ходими ҷумҳури аз ин минтақа аз сарзамини азизтар аз ҷони Эрон дар воқеъ паёми кору талоши шабонарӯзи ва бевақфа барои сохтани Эронӣ қавӣ ва пешрафта аст.

Ҳеҷ миллате ва ҳеҷ кишваре бедуни кори мутароким ва истифода аз ҳадиаксари манобеъи инсонӣ ва табиъӣ ба ҷойи нарасида аст. Соли ҷадид ва қарни ҷадид барои ҳамаи мо бояд оғози даври ҷадид аз кори муввалид, муфид, самарабахш ва пешрафтофарин бошад. Ёди ҳамаи муҷоҳидон, шаҳидон ва исоргаронро, ки барои сарбаландии Ислом ва Эрони азиз дар қарни гузашта кушиданд ва дар аввали онҳо Имом Хумайнии бузургаворамон, ки бешак хуршеди тобноки қарни 14 аст гироми медорем.

Бори дигар Наврӯз ва шуруъи соли ҷадидро бар шумо азизон табрик арз мекунам ва барои ҳамаи шумо дар соли ҷадид орзуи мувафақияту саломат, хушбахти ва пирӯзӣ дорам.      

 

Барчасп