Март 21, 2022 22:05 Asia/Dushanbe

Раҳбари муаззамин инқилоби исломӣ фармуданд: Иллати тарҳи масоили иқтисодӣ дар рӯзи аввали сол ин аст ки аввалан ба хотири аҳамияти масъалаи иқтисод аст яъне воқеъан агар дар кишвар иқтисод ҳамроҳ бо адолат ба вуҷуд биёяд ҳамаи заминаҳои пешрафт фаъол хоҳад шуд ва кишвар ба пешрафти воқеъӣ хоҳад расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, суханронии Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ба муносибати аввалин рӯз аз соли нав (1401 шамсӣ) аз тариқи маҷозӣ анҷом шуд.

Имсол севвумин сол аст, ки ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ба Машҳад сафар намекунанд ва маросими суханронии наврӯзӣ, ки ҳар сол дар рӯзи аввали соли нав ва дар ҳарами муттаҳари Разавӣ баргузор мешуд, ба иллати тавсеяҳои беҳдоштӣ барои пешгирӣ аз густариши вируси корона дар Машҳади муқаддас баргузор намешавад.

Раҳбари муаззамин инқилоби исломӣ дар ибтидои суханронии Наврӯзии имсол бо ишора ба ин ки омехтагии иди миллӣ бо дуъо ва ниёиш дар байни миллатҳо камназир аст баён карданд: Севвумин Наврӯзе аст, ки аз файзи ҳузур дар ҳарами Имом Ризо(а) ва ҷамъи пуршури зоирон маҳрумам.

Раҳбари инқилоб дар идома дар хусуси вижагиҳои муҳими Наврӯзи эронӣ афзуданд:

Раҳбари инқилоб гуфтанд, имрӯз масъалаи аслии масъулони кишвар иқтисод аст ва дар иқстисод масъалаи муҳим тавлиди миллӣ аст, агар иқисод ҳамроҳ бо адолат ба вуҷуд биёяд ҳамаи заминаҳои пешрафт фаъол хоҳад шуд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид карданд: Сухани имрӯзи ман ин аст, ки барои рушди иқтисодӣ кишвар ба таври қотеъ бояд ба тарафи иқтисоди донишбунён ҳаракат кунем.

Раҳбари инқилоб афзуд: Кам шудани ҳазинаҳои тавлид ва афзоиши баҳраварӣ аз натоиҷи иқтисоди донишбунён аст.

Ҳазрати ояутллоҳ Хоманаӣ фармуданд: Умед маншаи ҳамаи ҳаракатҳо ва пешрафтҳо аст ва заминаҳои умед алҳамдулиллоҳ кам нест, бигузоред душманон аз умедвории милати Эрон ба хашм биёянд.

Раҳбари муаззамин инқилоби исломӣ рӯзи якшанбе дар паёми Наврӯзи, шиъори соли 1401-ро »Тавлид; донишбунён; иштиғолофарин« эълом карда буданд.

 

Барчасп