Март 23, 2022 21:40 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори сарлашкар Саломӣ ба саҳюнистҳо
    Ҳушдори сарлашкар Саломӣ ба саҳюнистҳо

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ба саҳюнистҳо дар мавриди иқдомоти шароратбор ҳушдор дод.

Бомдоди рӯзи якшанбеи гузашта 2 пойгоҳи ҷосусии Созмони иттилоъот ва амалиёти вижаи режими саҳюнистӣ (Моссад) дар Арбили Ироқ ҳадафи мушакҳои нуқтазани Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ қарор гирифт.

Ба гузориши Бошгоҳи хабарнигорони ҷавон, сардори сарлашкар Ҳусейни Саломӣ, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ рӯзи чаҳоршанбе дар гирдиҳамоии размандагони шаҳристони Дезфули устони Хузистон ҷануби ғарби Эрон дар вокуниш ба буҳронофариниҳои режими саҳюнистӣ дар минтақа гуфт: Даст аз шарорат бардоред вагарна маҷбур ба таҷрубаи муҷадади ҳамлаи мушакии Сипоҳ хоҳед буд.

Фармондеҳи кулли Сипоҳ афзуд: Сайҳюнистҳо зери заработи мушакии Сипоҳ қарор гирифтанд, бино бар ин ба онҳо ҳушдор медиҳем даст аз шарорат бардоранд вагарна равзанаҳои кучаке, ки бар рӯи онҳо дар ҷаҳон боз астро хоҳем баст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп