Март 23, 2022 21:41 Asia/Dushanbe
  • Қаҳрамонии тими Гандболи духтарони Эрон дар мусобиқоти Гандболи навҷавонони Осиё
    Қаҳрамонии тими Гандболи духтарони Эрон дар мусобиқоти Гандболи навҷавонони Осиё

Тими гандболи навҷавонони Эрон бо пирӯзи муқобили Сурия, унвони қаҳрамонии мусобиқоти Гандболи навҷавонони Осиёро аз они худ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, тими Гандболи навҷавонони Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар чаҳорумин дидори худ дар мусобиқоти қаҳрамонии навҷавонони Осиё дар Қазоқистон бо натиҷаи 36 бар 21 баробари Сурия ба бартари расид.

Бо ин пирӯзи духтарони Эрон тавонистанд бо касби 4 пирӯзии пай дар пай унвони қаҳрамонии ин мусобиқотро аз он худ кунанд.

Ин аввалин қаҳрамонии Гандболи Эрон, дар радаи мардон ва занон аст, ки мувафақ шуданд бар боми Осиё қарор бигиранд.

Тими Эрон бо се бозии гузаштаи худ муқобили Узбакистон, Қазоқистон ва Ҳинд ба пирӯзи расида буд ва бо бартарӣ муқобили Сурия бо 4 пирӯзи қаҳрамони Осиё шуд.

Нуҳумин давраи мусобиқоти Гандболи навҷавонони Осиё бо ҳузури 5 тим Қазоқистон, Узбакистон, Ҳинд, Сурия ва Эрон дар Алматои Қазоқистон баргузор шуд ва 2 тими бартар саҳмияи мусобиқоти Ҷаҳони 2022 Гурҷистонро касб хоҳанд кард.

 

Барчасп