Март 25, 2022 19:24 Asia/Dushanbe
  • Тими миллии футболи Эрон вориди Машҳад шуд
    Тими миллии футболи Эрон вориди Машҳад шуд

Тими миллии Эрон барои бозӣ бо Лубнон вориди Машҳад шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон тими миллии футболи Эрон субҳи ҷумъа 5 фарвардинмоҳи соли 1401 барои бозӣ бо Лубнон вориди Машҳади муқаддас шуд.

Бар асоси тасмими ситоди муқобила бо корона, бозии Эрон ва Лубнон дар варзишгоҳи Имом Ризо(а)-и Машҳад қатъан бедуни тамошогар баргузор мешавад ва тамошогарон иҷозаи вуруд ба варзишгоҳро надоранд.

Охирин бозии тими миллии футболи Эрон дар чорчуби рақобатҳои муқаддамотии Ҷоми Ҷаҳонӣ 2022 қарор аст рӯзи 9 фарвандинмоҳ дар варзишгоҳи Имом Ризо(а)-и Машҳад баргузор шавад.

Баргузории ҷаласаи тамринӣ ва нишасти хабарӣ аз барномаҳои ҳузури тими миллии футол дар Машҳад хоҳад буд.

Дар ҷадвали гуруҳи А рақобатҳои муқаддамотии Ҷоми Ҷаҳони футбол суъуди тимҳои миллии Эрон ва Кореяи Ҷануби ба Ҷоми Ҷаҳонӣ 2022 Қатар қатъӣ шуд ва тими миллиии Аморот дар радаи севвум ва яке аз муддаъиёни ҳузур дар дидори ҳазфӣ аст.

 

Барчасп