Июл 26, 2016 16:14 Asia/Dushanbe
  • Баргузории даври дуввуми музокироти амниятии Эрон ва Покистон

Даври дуввуми музокироти амниятии Эрон ва Покистон дар Теҳрон баргузор шуд.

Ба иттилои Ирно, Алии Шамхонӣ имрӯз дар даври дуввуми музокироти худ бо Носирхон Ҷанҷуа, мушовири амнияти миллии нахуствазири Покистон дар Теҳрон аз пешрафти музокироти ду кишвар дар бораи мубориза бо терроризм дар минтақа хабар дод ва гуфт: Эрон, Покистони тавсеаёфта ва босуботро барои худ амниятофарин медонад ва дар ин масир аз ҳеч талоше фуругузор нахоҳад кард.

Генерал Ҷанҷуа низ бо таъкид бар зарурати талоши муштарак барои рафъи мавонеи ҳамкории дуҷониба гуфт: Муқобилаи ҷиддӣ ва мустамар бо терроризм ва авомили ноамнӣ ва бесуботӣ ҳамвора дар дастури кори Покистон қарор дошта ва Исломобод аз ҳамкорӣ бо Теҳрон дар ин замина истиқбол мекунад.

Носирхон Ҷанҷуа, мушовири амнияти миллии нахуствазири Покистон барои дидори расмии се рӯза ба Эрон сафар кардааст.

Нахустин даври музокироти расмии Шамхонӣ ва Носирхон Ҷанҷуа дирӯз душанбе дар Теҳрон баргузор шуд .

Барчасп