Эҳёи БарҶом ба иродаи сиёсии Амрико бастагӣ дорад
Раиси Шурои роҳбурдии равобити хориҷии Эрон эҳёи БарҶомро наздик ва онро бастагӣ ба иродаи сиёсии Амрико донист.
Камоли Харрозӣ, раиси Шурои роҳбурдии равобити хориҷии Эрон дар Маҷмаи Доҳа - 2022 бо ишора ба ин ки хуруҷи Амрико аз БарҶом боиси коҳиши сатҳи иҷрои тааҳҳудоти Эрон дар қолаби ин тавофуқ шуд гуфт, ҳатто аврупоиҳо пас аз Абама ва дар давраи Трамп ва замоне, ки ӯ аз тавофуқ хориҷ шуд, барои рафъи мушкилот коре накарданд.
Харрозӣ афзуд, онҳо ваъда доданд, ки қавоиди хосе дар қонунҳои аврупоӣ барои ҳимоят аз ширкатҳои аврупоӣ дар қиболи таҳримҳои сонавия дошта бошанд, аммо коре накарданд. Инстексро роҳандозӣ карданд, аммо фаъолияте надошт.
Раиси Шурои роҳбурдии равобити хориҷии Эрон ҳамчунин дар посух ба ин ки оё бовар доред, ки Вашингтон Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро аз феҳристи созмонҳои террористӣ хориҷ мекунад, изҳор дошт, сипоҳ бояд аз он лист хориҷ шавад ва ин танҳо мушкил нест. Беш аз 500 ниҳоду фарди эронӣ таҳти таҳрими Амрико қарор доранд, ки бахше аз инҳо асари мустақим бар равобити Эрон ва Ғарб дорад.
Харрозӣ бо баёни ин ки Сипоҳи посдорони як артиш миллӣ аст ва артиши миллӣ набояд гуруҳи террористӣ шинохта шавад, таъкид кард, ин барои эрониҳо бисёр муҳим аст, ки сипоҳ аз феҳрист хориҷ шавад, аммо ин танҳо мавзуъ нест. Мавзуоти дигаре ҳам вуҷуд дорад, ки аз ҷумлаи онҳо метавон ба тазминҳову дигар мавзӯот ишора кард.