Март 28, 2022 10:30 Asia/Dushanbe
  • Аврупо роҳе ҷуз таъмини манофеи миллати Эрон надорад

Нойибраиси Комиссияи амнияти миллии Маҷлиси Эрон бо баёни ин ки Ҷумҳурии исломии Эрон аз хутути қирмизи эъломӣ кӯтоҳ нахоҳад омад, таъкид кард, Аврупо роҳе ҷуз таъмини манофеи миллати Эрон надорад.

Аббоси Муқтадоӣ дар хусуси сафари Энрике Мора, муовини масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо ба Теҳрон гуфт, тарафи аврупоӣ бояд бидонад, ки беамалӣ ва бетаваҷҷуҳӣ ба мавзуи таъмини манофеи миллати Эрон ба зарари худашон хоҳад буд.

Муқтадоӣ гуфт, аврупоиҳо натавонистанд ризоятмандии миллати Эронро таъмин кунанд ва дар канори паймоншикании амрикоиҳо бадаҳдӣ карданд, акнун низ охирин фурсатҳоро аз даст медиҳанд.

Нойибраиси Комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шурои исломии Эрон таъкид кард, аврупоиҳо бояд бидонанд, ки нодида гирифтани манофеи миллати Эрон ва иқдоми якҷонибаву худхоҳонаи Аврупо метавонад ояндаи онҳоро дастхуши мавонеъ ва мушкилоте кунад.

Энрике Мора, муовини масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва ҳамоҳангкунандаи музокироти Вена дирӯз ба Теҳрон сафар кард. Мора дар ин сафар бо Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷа ва Алии Боқирӣ, музокиракунандаи аршад ва муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон дидору гуфтугӯ кард.

 

Барчасп