Март 28, 2022 16:01 Asia/Dushanbe
  • Душман аз иқтидори нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ваҳшат дорад

Фармондеҳи нерӯи заминии артиши Эрон бо ишора ба қудрати нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломӣ гуфт, душман аз иқтидори нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар тарсу ваҳшат қарор гирифтааст.

Генерал Каюмарси Ҳайдарӣ, фармондеҳи нерӯии заминии артиши Эрон изҳор кард, худкафоӣ дар сохти таҷҳизоти низомӣ, намӯнае аз эътимод ба ҷавонону талош барои коҳиши вобастагӣ ва истиқлоли Эрон ба шумор меравад, ки дар нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломӣ рақам хӯрдааст.

Генерал Ҳайдарӣ бо ишора ба дастовардҳои нерӯи заминии артиши Эрон афзуд, иқтидору ҷойгоҳи байналмилалии нерӯҳои мусаллаҳ ва иззати низоми Ҷумҳурии Исломии Эрони натиҷаи ҳамин иктифо ба қобилиятҳои дохилӣ аст.

Фармондеҳи нерӯии заминии артиши Эрономодагӣ барои муқобила бо таҳдидҳои душманро ифтихоре барои низому нерӯҳои мусаллаҳи Эрон унвон кард ва гуфт, душманон ба тавонмандии нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломӣ эътироф доранд ва қудрати низомии артиши Эрон дар дунё матраҳ аст.

 

Барчасп