Март 29, 2022 17:06 Asia/Dushanbe
  • Таркиби тими миллии Эрон баробари Лубнон мушаххас шуд

Таркиби тими миллии Эрон барои бозӣ бо Лубнон дар стадиони Имом Ризои Машҳад мушаххас шуд.

Дидоре, ки аз соати 16 бо ҳузури тамошогарон дар ин стадион оғоз шуд.

Ба гузориши “Варзиш -3”, Эскучич, сармураббии тими Эрон таркиби тими миллиро барои ин бозӣ мушаххас кардааст, ки аз ин қарор аст: Алиризо Бейронванд, Ҳусайни Канъонизодагон, Сайидмаҷиди Ҳусайнӣ, Содиқи Муҳаррамӣ, Умеди Нурафкан, Саиди Иззатуллоҳӣ, Аҳмади Нуруллоҳӣ, Алиризо Ҷаҳонбахш, Аллоҳёри Сайёдманиш, Алии Қулизода ва Сардор Озмун.

Муҳимтарин тағйири таркиби тими миллии Эрон, бозгашти Алиризо Бейронванд ба чорчӯби дарвоза аст. Бозгашти Содиқи Муҳаррамӣ ва ҳамчунин Алиризо Ҷаҳонбахш муҷиб мешавад тими миллӣ дар бозӣ бо Лубнон шароити беҳтареро нисбат ба бозӣ бо Кореяи Ҷанубӣ тамрин кунад. Аммо нуктаи ҷолиби таркиби тими миллӣ бозӣ бо ду муҳоҷим дар ғиёби Меҳдии Торимӣ аст. Пештар Эскучич дар ғиёби Меҳдии Торимӣ ва Сардор Озмун ҳеҷгоҳ тими миллиро бо ду муҳоҷим мураттаб намекард, аммо ин бор тасмим гирифт тағйири ақида диҳаду тими миллиро бо ду муҳоҷим аренҷ кунад. Бар ин асос Аллоҳёри Сайёдманиш дар канори Сардор Озмун бозӣ хоҳад кард.

Алиризо Бейронванд дар чорчӯби дарвоза хоҳад истод. Муҳаммадҳусайни Канъонизодагон ва Сайидмаҷиди Ҳусайнӣ ду мудофеи миёнии тими миллӣ дар ин бозӣ ҳастанд. Содиқи Муҳаррамӣ дар ҷиноҳи рости хати дифоӣ ва Умеди Нурафкан дар ҷиноҳи чапи хати дифоӣ бозӣ мекунанд. Дар пеши хати дифоъ Саиди Иззатулоҳӣ ва Аҳмади Нуруллоҳӣ бозӣ мекунанд. Бо ин тавзеҳ, ки Аҳмад метавонад замони ҳамла ба неруҳои таҳоҷумии тими миллӣ мад диҳад. Алиризо Ҷаҳонбахш ва Алии Қулизода дар канораҳо ва дар хати ҳафбак ба тими миллӣ кумак мекунанду Сардор Озмун ва Аллоҳёри Сайёдманиш ҳам дар хати ҳамла ифои нақш хоҳанд кард. Бо ин таркиб шеваи бозии тими миллии Эрон аз 1 - 4 - 1 - 4 ба 2 - 2 - 4 тағйир хоҳад кард.

Бар ҳамин асос, номи ёздаҳ бозикун ба шарҳи зер аст:

Алиризо Бейронванд, Ҳусайни Канъонизодагон, Маҷиди Ҳусайнӣ, Содиқи Муҳаррамӣ, Умеди Нурафкан, Саиди Иззатуллоҳӣ, Аҳмади Нуруллоҳӣ, Алиризо Ҷаҳонбахш (капитан), Аллоҳёри Сайёдманиш, Алии Қулизода ва Сардор Озмун.

 

Барчасп