Март 29, 2022 19:44 Asia/Dushanbe
  • Эрон 2 – 0 Лубнон: Поёни дидорҳои Эрон дар масири Ҷоми Ҷаҳонӣ

Тими миллии футболи Эрон дар ҳафтаи поёнии даври интихобии рақобатҳои Ҷоми Ҷаҳонӣ - 2022 ба масофи тими Лубнон рафт, ки бо натиҷаи 2 бар сифр ин бозӣ ба суди тими миллии Эрон ба поён расид.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симои маркази Хуросони Разавӣ, Сардор Озмун дар дақиқаи 35-и бозӣ тавонист нахустин голи ин дидорро ба самар расонад. Ҳамчунин Алиризо Ҷаҳонбахш дар дақиқаи 72 голи дувуми тими миллии Эронро ба самар расонд.

Дидори тимҳои миллии футболи Эрон ва Лубнон дар ҳафтаи поёнии даври интихобии рақобатҳои Ҷоми Ҷаҳонии 2022 Қатар, имрӯз соати 16 дар Варзишгоҳи Имом Ризо (а)-и Машҳад оғоз шуд.

Ин дидор бо ҳузури беш аз 10 ҳазор тамошогар баргузор шуд.

 

Барчасп