Март 31, 2022 17:44 Asia/Dushanbe
  • Амирабдуллоҳиён: Барои робита бо кишвари дӯст ва Узбакистон аҳамияти вижае қоил ҳастем
    Амирабдуллоҳиён: Барои робита бо кишвари дӯст ва Узбакистон аҳамияти вижае қоил ҳастем

Вазири умури хориҷаи Эрон ва муовини нахуствазир ва вазири сармоягузорӣ ва тиҷорати Узбакистон дар ҳошияи нишасти вузарои хориҷаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар Тяншани Чин дидору гуфтугӯ карданд.

Сеюмин нишасти ҳамсоягони Афғонистон бо ҳузури вазирони умури хориҷа ва мақомоти Эрон, Покистон, Чин, Туркманистон, Узбакистон, Русия, Тоҷикистон ва Қатар аз рӯзи чаҳоршанбе дар шаҳри Тяншан (воқеъ дар шарқи Чин) оғоз шуд ва имрӯз (панҷшанбе) поён меёбад.

Ҳусайни Амирабдуллоҳиён зимни табрики соли ҷадиду Наврӯз ба мақоми узбакистонӣ хотирнишон кард, ҳар ду кишвар тавваҷуҳи вижае ба иди Наврӯз дорем, хеле хушҳолам, ки равобити Эрон ва Узбакистон рӯ ба рушду тавсеа аст.

Ӯ бо таъкид бар ин ки сиёсати давлати ҷадиди Эрон бар кишварҳои ҳавзаи Осиё ва ҳамсоягон тамаркуз дорад, афзуд, барои робита бо кишвари дӯсти Узбакистон аҳамияти вижае қоил ҳастем.

Сиёсати минтақагароӣ, нигоҳ ба Шарқ, мушорикат дар созмонҳо ва ниҳодҳои минтақаӣ ва фароминтақаие назири паймони Шанхай ва Созмони ҳамкории иқтисодии ЭКО аз ҷумлаи масодиқи мутавозинсозии сиёсати хориҷии Эрон аст, ки аз сӯи давлати сенздаҳум дунбол мешавад.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп