Март 31, 2022 21:23 Asia/Dushanbe
  • ФИФА: Алии Доӣ ситораи маросими қуръакашии Ҷоми Ҷаҳонӣ

Алии Доӣ, устураи футболи Эрон дар маросими қуръакашии Ҷоми Ҷаҳонии 2022 Қатар ҳузур хоҳад дошт.

Федератсияи ҷаҳонии футбол (Фифа) номи ҳашт бозикуни бартари таърихи футболро, ки қарор аст дар маросими қуръакашии Ҷоми Ҷаҳонии 2022 Қатар ҳузур дошта бошанд, эълом кард, ки дар байни онҳо номи Алии Доӣ, муҳоҷими собиқи тими миллии футболи Эрон ба чашм мехӯрад.

Бар асоси эъломи Фифа, Алии Доӣ ба ҳамроҳи бузургони дунёи футбол, шомили Кафу аз Бразилия, Лутор Матеус аз Олмон, Одил Аҳмад аз Қатар, Бора Милутинович аз Сербия, Ҷи ҷи Окоча аз Нигерия, Рабоҳ Моҷер аз Алҷазоир ва Тим Кэҳилл аз Австралия дар ин маросим ҳузур хоҳанд дошт.

 

 

Барчасп