Баргузории маҳфили унс бо Қуръони карим дар ҳузури Раҳбари муаззами инқилоб
(last modified Sun, 03 Apr 2022 03:34:53 GMT )
Апрел 03, 2022 08:34 Asia/Dushanbe
  • Баргузории маҳфили унс бо Қуръони карим дар ҳузури Раҳбари муаззами инқилоб

Мутобиқи расми солиёни гузашта маҳфили унс бо Қуръони карим дар нахустин рӯз аз моҳи мубораки Рамазон бо ҳузури Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ баргузор хоҳад шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, бар асоси эъломи ситодҳои истеҳлолу гуруҳҳои расадии дафтари Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар саросари Эрон, ки ба ҳамроҳи таҷҳизоти расадӣ дар ғурӯби рӯзи ҷумъа иқдом ба истеҳлол карданд, руяти ҳилоли моҳи Рамазон дар ғурӯби рӯзи ҷумъа имконпазир набудааст ; бинобарин моҳи шаъбон 30 рӯза буда ва ( якшанбе ) аввалин рӯзи моҳи Рамазон хоҳад буд .
Ба гузориши дафтари ҳифзу нашри осори ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, ин маросим ки ( якшанбе ) бо ҳузури ҷамъе аз қориёни мумтози Эрон ва бо риояти дастуруламалҳои беҳдоштӣ дар ҳусайнияи Имом Хумайнӣ ( раҳ ) баргузор мешавад, ба сурати зиндаву мустақим аз расонаи KHAMENEI.IR ва шабакаҳои Садову Симои Ҷумҳурии исломии Эрони пахш хоҳад шуд .