Новшикани Дамованд ба зудӣ ба новгони дарёии артиши Эрон мепайвандад
(last modified Sun, 03 Apr 2022 11:24:29 GMT )
Апрел 03, 2022 16:24 Asia/Dushanbe
  • Новшикани Дамованд ба зудӣ ба новгони дарёии артиши Эрон мепайвандад
    Новшикани Дамованд ба зудӣ ба новгони дарёии артиши Эрон мепайвандад

Фармондеҳи нерӯи дарёии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Новшикан (киштии ҷангӣ)-и Дамованд ба зуди ба новгони дарёӣ артиш мулҳақ мешавад.

Дарёдор Шаҳроми Эронӣ, фармондеҳи нерӯи дарёии артиши Ҷуммҳурии Исломии Эрон бо баёни ин ки новшикани Дамованд дар ҳоли анҷоми озмоишҳои ниҳоӣ аст, гуфт: Дар соли 1401 шамсӣ раванди сохти таҷҳизоти дарёӣ шитоби бештари хоҳад гирифт.

Фармондеҳи нерӯи дарёии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни ин ки новшикани Дамованд дар ҳоли анҷоми озмоишҳои ниҳои аст, таъкид кард: Сохти таҷҳизоти дарёӣ дар ҳавзаҳои мухталифи сатҳӣ, зерсатҳӣ ва асари сатҳӣ идома дорад.

Нерӯи дарёии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон ин тавонмандиро дорад то ба баҳрагири аз таҷҳизот ва силоҳҳои пешрафтаи ҳавзаи разми дарёӣ, ҳузури муқтадирона дар ҳифзи амният аз каронаҳои Халиҷи Форс ва дарёи Уммон то уқёнуси Ҳинд ва уқёнуси Атлас ва дар ҳар нуқтае, ки дар обҳои байналмиллалӣ ниёз ба амниятсози бошад ҳузур ёбад.