Афзоиши мубодилоти иқтисодӣ аз поёнаҳои марзии Сиистон ва Балучистони Эрон
Мудири кулли роҳдорӣ ва ҳамлунақли ҷоддаии Сиистон ва Балучистони Эрон аз афзоиши мубодилоти иқтисодӣ аз поёнаҳои марзии ин устон хабар дод.
Айюби Курд гуфт, ҳаҷми мубодилоти иқтисодӣ аз поёнаҳои марзии Милак ва Мирҷоваи Эрон, аъам аз содирот, воридот ва транзит дар соли 1400 ба мизони 2 миллиону 639 ҳазору 59 тон коло буд, ки нисбат ба муддати мушобеҳи соли 1399 рушди 19 дарсадиро нишон медиҳад.
Курд бо ишора ба ин ки бештарин ҳаҷми мубодилоти иқтисодӣ дар поёнаи марзии Милак ва Мирҷова бо як миллиону 649 ҳазору 837 тон ба содирот ихтисос дорад, афзуд, гази мойеъ, ҳидрокарбон, бензин, газоил ва маводи ғизоӣ умдаи колоҳои содиротии Эрон дар соли 1400 аст.
Мудири кулли роҳдорӣ ва ҳамлунақли ҷоддаии Сиистон ва Балучистони Эрон бо баёни ин ки мубодилоти тиҷории марзӣ яке аз шохисҳои аслӣ дар барқарории иртибот байни кишварҳои ҳамсоя ва имрори маоши мардуми марзнишинаст, изҳор дошт: Бо тавваҷуҳ ба зарфияти ин устон дар ҳавзаи содироту тиҷорат ва натоиҷи арзишманди он назири касби даромади арзӣ, эҷоди фурсатҳои шуғлии ҷадид, рӯйкарди ин идораи кул дар ҳавзаи поёнаҳои марзӣ бар пояи тавсеаи зерсохтҳо ва густариши содирот поярезӣ шудааст.