Идомаи ройзаниҳои Эрон ва Афғонистон дар мавриди ҳақобаи Ҳомун
Намояндаи мардуми Зоҳидон дар Маҷлиси шӯрои исломии Эрон таъкид кард: Масъулони кишвари Афғонистон барои таъмини ҳақобаи Ҳомун эъломи омодагӣ карданд.
Дарёча ё толоби байналмиллалии Ҳомун севвумин дарёчаи бузурги Эрон пас аз дарёчаи Хазар ва дарёчаи Урумия ва ҳафтумин толоби байналмиллалии ҷаҳон ва яке аз захиагоҳҳои зисткура дар Эрон аст.
Толоби Ҳомун дар устони Систон ва Балучистон воқеъ шуда ва аз се дарёчаи кучак ба номҳои Ҳомунпузк, Ҳомунсобур ва Ҳомуни Ҳирмад ташкил шуда аст, ки дар замони фаровонии об ба ҳам мепайванданд ва дарёчаи муштараки Ҳомун байни Афғонистон ва Эронро ташкил медиҳад.
Рудхонаи Ҳирманд шарёни аслии вуруд ба Ҳомун ва рудхонаҳои Хошруд, Ҳорутруд, Шурруд, Ҳусейнобод ва Наҳбандон ба Ҳомун мерезанд.
Фадоҳусейни Моликӣ, намояндаи мардуми Зоҳидон дар Маҷлиси шӯрои исломӣ гуфт: Барои гирфтани ҳақоба роҳкорҳои мухталиферо дар пеши ру дорем ба тозагӣ ва ба сурати ғайримустақим паёмҳое аз шаҳри Қандаҳор, ки маркази раҳбарияти Толибон аст фиристода шуд ва Эрон ҳам посухи мусбат ба ин паёмҳо дода аст.
Намояндаи мардуми Зоҳидон дар Маҷлиси шӯрои исломӣ ҳамчунин афзуд: Мунтазири эъзоми ҳайате аз Афғонистон барои гуфтугуи бештар дар ин хусус ба Теҳрон ҳастем ва ҳамоҳангиҳои лозим низ бо дастгоҳҳои марбута анҷом шуда аст.
Моликӣ ҳамчунин гуфт: Таъкид шуд, ки ҳамзамон бо даври ҷадиди гуфтугуҳо озодсозии об анҷом шавад.
Ин намояндаи Маҷлис афзуд: Агар ин дипломосии ғайрирасмӣ ва мулоқотҳо ҷавоб диҳад итминони бештар ҳосил мешавад.