Сӯиқасд ба ҷони 3 талаба дар ҳарами мутаҳҳари Разавӣ бо силоҳи сард
(last modified Tue, 05 Apr 2022 13:44:15 GMT )
Апрел 05, 2022 18:44 Asia/Dushanbe
  • Сӯиқасд ба ҷони 3 талаба дар ҳарами мутаҳҳари Разавӣ бо силоҳи сард
    Сӯиқасд ба ҷони 3 талаба дар ҳарами мутаҳҳари Разавӣ бо силоҳи сард

Фарди ношинос бо силоҳи сард ба 3 талабаи ҳавзаи илмия дар саҳни Паёмбари Аъзам(с)-и ҳарами мутаҳҳари Разавӣ ҳамла қарор дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, устондори Хуросони Разавӣ дар гуфтугу бо шабакаи хабар зимни тайиди ин хабар гуфт: Дар соати 14 рӯзи сешанбе 16 фарвардинмоҳ шахсе, ки ҳуввияти он ҳануз мушаххас нашуд бо корд ба 3 талаба дар саҳни Паёмбари Аъзам(с)-и ҳарами мутаҳҳари Разавӣ ҳамла кард. 

Оқои Назарӣ афзуд: Аз ин се талаба як нафар дар ҳамон лаҳза шаҳид шуд ва 2 нафари дигар ба бемористон мунтақил шуда аст ки ҳоли яке аз талабаҳо ногувор эълом шуда аст.

Равобит умумии Остони қудси Разавӣ ҳам дар ин замина иттилоъияе ба ин шарҳ содир кард:

Ҳамзамон бо севвумин рӯзи моҳи мубораки Рамазон, соати пеш се талабаи ҳозир дар саҳни Паёмбари Аъзам(с) бо шахсе, ки ҳувияти он дар дасти баррасӣ аст ба зарби корд мавриди ҳамла қарор гирифтанд.

Бо ҳушёрии зоирон ва талоши авомили интизомӣ ва ягони ҳифозатии ҳарами матаҳҳар қотил билофосила боздошт шуд ва таҳвили мақомоти иттилоъоти ва амнияти шуд ва осебдидагон ба суръат ба бемористон мунтақил шуданд.

Остони қудси Разавӣ зимни маҳкумияти ин таъарруз ба ҷойгоҳи муқаддаси ҳазрати Имом Ризо(а) ва руҳонияти муъазаз, мавзуъро то ҳосил шудани натиҷа ва шиносоӣ авомил пайгирӣ хоҳад кард ва гузориши онро баъдан ба иттилоъи мардуми азиз хоҳад расонд.