Апрел 05, 2022 20:16 Asia/Dushanbe
  • Пуштибонии Эрон аз Ҷоми Ҷаҳонии Қатар бо тамаркуз бар ҷазираи Кеш
    Пуштибонии Эрон аз Ҷоми Ҷаҳонии Қатар бо тамаркуз бар ҷазираи Кеш

Мудиромили созмони бандарҳо ва дар дарёнавардии Эрон гуфт, баргузории Ҷоми Ҷаҳонии футбол дар Қатар як руйдоди бузург дар минтақа аст ва Эрон аз он пуштибонӣ мекунад.

Алиакбари Сафоӣ, таъкид кард дар сафари ахири раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Қатар гуфтугуҳои хубе дар бораи истифода аз имконоти Эрон дар пуштибонӣ аз Ҷоми Ҷаҳонии футбол дар Қатар анҷом шуд.

  • Мудиромили Созмони бандарҳо ва дарёнавардии Эрон афзуд: Дар гуфтугуҳои телефонии ахири амири Қатар бо раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон низ тарафи Қатар таъкид бар иртиботи бештар бо Эрон дар заминаи баргузории Ҷоми Ҷаҳонӣ дошт ва умед аст бо сафари вазири ҳамлу нақл ва вазири ҳамлу нақли Қатар ба ҷазираи Кеш, тавофуқоти ирҷоӣ муҳаққақ шавад.
  • Сафоӣ афзуд, дар гуфтугуҳои вазири ҳамлунақли Қатар ва вазири роҳу шаҳрсозии Эрон дар Давҳа низ, тавофуқоти хубе анҷом шуд ва тарафи қатарӣ таъкид дошт аз имконоти Эрон дар устони Ҳурмузгон ва  устони Бушеҳр дар пуштибонӣ аз Ҷоми Ҷаҳони дар Қатар истифода шавад.
  • Вай таъкид кард, тамаркузи пуштибонии Эрон аз Ҷоми Ҷаҳонии футол дар Қатар, ҷазираи Кеш дар устони Ҳурмузгон аст, ки имконоти бисёр хуб дорад ва қарор аст дар аввалин фурсат вазири ҳамлунақли Қатар ба ҷазираи  Кеш сафар кунад.

Бистудуввумин давраи рақобатҳои Ҷоми Ҷаҳонии футбол тирамоҳ ва зимистони имсол ба мизбонии Қатар баргузор мешавад.

Тими миллии футбол Эрон дар гуруҳи В рақобатҳои Ҷоми Ҷаҳонии 2022 Қатар бо тимҳои Англис, Амрико ва барандаи Аврупо ҳамгуруҳ шуд.

 

Барчасп