Апрел 06, 2022 10:30 Asia/Dushanbe
  • Туллоби афғонистонӣ ҷиноят дар ҳарами имом Ризо (а) - ро маҳкум карданд

Ҷамъе аз туллоби афғонистонии муқими Эрон дар баёнияе бо маҳкум кардани шикастани эҳтиром ва ҷиноят дар ҳарами имом Ризо (а), эълом карданд, мутмаинан дасти истикбор ва ҳамдастони онҳо дар минтақа омили аслии ин ҷиноят аст.

Дар баёнияи туллоби афғонистонии муқими Эрон омадааст, хабари дардноки уруҷи малакутӣ ва шаҳодати туллоби ҷиҳодгар дар саҳни ҳарами мутаҳҳари разавӣ қалбҳои моро моломоли дарду андӯҳ кард.

Ин баёния меафзояд, мутмаинан дасти истикбору шарикони онҳо дар минтақа омили аслии ин ҳодиса аст то байни уммати исломӣ тафриқа ва дудастагӣ эҷод кунад.

Туллоби афғонистонии муқими Эрон аз миллати дӯсту бародари Ҷумҳурии исломии Эрон ва ба вижа масъулони ин кишвар дархост карданд, авомили ин ҳодисаи террористиро дар дохилу хориҷи кишвар шиносоӣ кунанд.

 

Барчасп