Апрел 06, 2022 16:07 Asia/Dushanbe
  • 25 дарсади донишҷӯёни хориҷӣ дар Эрон афғонистонӣ ҳастанд

Муовини бурс ва умури донишҷӯёни хориҷи Созмони умури донишҷӯёни Эрон гуфт, 25 дарсади донишҷӯёни байналмилалии донишгоҳҳои Эрон донишҷӯёни афғонистонӣ ҳастанд.

Муҳаммадҷаводи Салмонпур дар бораи донишҷӯёни афғонистонӣ, ки дар Эрон машғул ба таҳсил ҳастанд, гуфт: Аз кулли донишҷӯёни байналмилал, ки дар Эрон таҳсил мекунанд, беш аз 25 дарсад аз онҳо донишҷӯёне аз Афғонистон ҳастанд, ки ба се тариқ имкони таҳсил дар кишвар пайдо кардаанд.

Салмонпур дар бораи ин се равиш афзуд: Иддае аз тариқи ширкат дар озмунҳои саросарии Эрон вориди донишгоҳ мешаванд, теъдоди дигар аз донишҷӯёни афғон аз донишгоҳҳое, ки муҷаввизи донишҷӯии ғайриэронӣ доранд, пазириш дарёфт мекунанд ва гуруҳи сеюм низ аз тариқи бурсия вориди донишгоҳҳои кишвар шудаанд.

Муовини бурс ва умури донишҷӯёни хориҷи Созмони умури донишҷӯён ҳамчунин гуфт, донишҷӯёни афғонистонӣ ва бисёре аз нухбагони ин кишвар дар мақотеи коршиносӣ, коршиносии аршад ва доктории донишгоҳҳои Эрон таҳсил мекунанд.

Ба гуфтаи Муҷтабо Сиддиқӣ, муовини Вазорати улум дар умури байналмилал дар солҳои 90 то 99 теъдоди донишҷӯёни байналмилалӣ дар Эрон аз 5485 ба 44350 нафар расидаву афзоиши 8 баробар доштааст.