Апрел 07, 2022 19:21 Asia/Dushanbe
  • Ваҳидӣ: Бо ҷараёни такфири ва террористӣ ба шиддат бархурд мешавад
    Ваҳидӣ: Бо ҷараёни такфири ва террористӣ ба шиддат бархурд мешавад

Ваҳидӣ вазири кишвар (дохили)-и Эрон гуфт: Бо афроди тарвиҷдиҳандаи тафакур ва ҷараёни такфирӣ ва омилони ҷинояти ҳарами Разавӣ бархурд хоҳад шуд.

Асри сешанбе фарди такфирӣ дар саҳни Паёмбари Аъзам(с)-и ҳарами Имом Ризо(а) дар Машҳад бо корд ба се зоири руҳонӣ ҳамла кард, бар асари ин ҳамла як руҳонӣ ба шаҳодат расид ва ду нафар захмӣ шуданд.

Фарди қотил ба кумаки авомили интзомӣ ва ягони ҳифозат дастгир шуд ва дар ихтиёри авомили иттлоъоти ва амниятӣ қарор гирифта аст.

Аҳмади Ваҳидӣ, вазири кишвари Эрон рӯзи панҷшанбе дар ҷамъи хабарнигорон дар бораи ҷинояти рӯзи сешанбе дар ҳарами Имом Ризо(а) бо баёни ин ки ин воқеъаи талх нишон аз он дорад душман даст аз тарвиҷи нифоқ барнадошта аст гуфт: Терроризм зодаи нигоҳи истикборӣ аст ва ДИИШ ва гуруҳҳои дигари террористиро инҳо дуруст мекарданд.

Ваҳидӣ изофа кард: Ин ҷараёни кур ва дастсохтаи кишварҳои ғарбӣ ва касое аст, ки ин фикрро тарвиҷ мекунанд бешак бо афроди тарвиҷдиҳандаи ин тафакур ва омилони ин ҷиноят бархурд хоҳад шуд.

Ваҳидӣ афзуд: Душман талош дорад аз ихтилофоти қавмӣ мазҳабӣ ва байни миллатҳои дуст истифода кунад, ки нахоҳад тавонист.

Вазири кишвари Эрон бо баёни ин ки беҳтарин ҷавонони Афғонистон дар муқобила бо ҷараёноти такфирӣ ҷони худро аз даст доданд ва миллати Афғонистон Амрикоро бо хиффат аз кишвари худ берун кард, таъкид кард: Ин ҳодиса ба ҷойгоҳи миллати Афғонистон латмае ворид намекунад.

Ваҳидӣ идома дод: Эрон ва Афғонистон аз як миллат ҳастанд, ки аз реша ва собиқаи тамадунии муштарак бархурдоранд ва душман талош дар эронҳаросӣ байни мардуми Афғонистон ва афғонҳаросӣ байни мардуми Эрон дорад, ки мувафақ нахоҳад шуд.

Вазири кишвари Эрон афзуд: Ғарб ва Амрико чун ҳомии тафакури террористии такфирӣ ҳастанд ҳеҷ вақт ин иқдомро маҳкум намекунанд.

Ваҳиди таъкид кард: Ҳамаи решаҳои террористӣ ва ҷараёноте, ки дар ин ҳодисаи террористӣ хат доданд шиносоӣ хоҳад шуд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп