Кеш ва Қишм-мизбони ҳаводорони футболи ҷаҳонӣ дар Ҷоми Ҷаҳонӣ 2022 Қатар
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i83930-Кеш_ва_Қишм_мизбони_ҳаводорони_футболи_ҷаҳонӣ_дар_Ҷоми_Ҷаҳонӣ_2022_Қатар
Вазири варзиш ва ҷавонони Эрон, эълом кард: Кеш ва Қишм мизбони ҳаводорони футболи ҷаҳонӣ дар Ҷоми Ҷаҳонӣ 2022 Қатар хоҳад буд.
(last modified 2025-07-05T06:57:06+00:00 )
Апрел 09, 2022 21:31 Asia/Dushanbe
  • Кеш ва Қишм-мизбони ҳаводорони футболи ҷаҳонӣ дар Ҷоми Ҷаҳонӣ 2022 Қатар
    Кеш ва Қишм-мизбони ҳаводорони футболи ҷаҳонӣ дар Ҷоми Ҷаҳонӣ 2022 Қатар

Вазири варзиш ва ҷавонони Эрон, эълом кард: Кеш ва Қишм мизбони ҳаводорони футболи ҷаҳонӣ дар Ҷоми Ҷаҳонӣ 2022 Қатар хоҳад буд.

Ҷоми Ҷаҳонӣ 2022 Қатар аз 21 ноябр соли 2022 оғоз хоҳад шуд. Тими футболи Эрон дар гуруҳи В бо Британя, Амрико ва барандаи Аврупо ҳамгуруҳ шуда аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳамиди Саҷҷодӣ дар мавриди зарфиятҳои манотиқи озоди Эрон барои мизбонии бахше аз ҳаводорони футбол ва Ҷоми Ҷаҳонӣ гуфт: Ба дунболи таъомулот ва дустии Эрон ва Қатар Вазорати варзиш ва ҷавонон тамоюл ба идомаи ин пайвандҳо ва иртибот дар ҳавзаи варзиш дорад.

Саҷҷодӣ афзуд: Пешниҳоди ду шаҳри Кеш ва Қишм барои мизбони аз ҳаводорони Ҷоми Ҷаҳонӣ метавонад ба муҳкам шудани равобити ду кишвар дар таъомулот ва иртиботот хатм шавад.

Вазири варзиш ва ҷавонони Эрон ҳамчунин аз ҳузури вазири роҳи Қатар барои музокира ҷиҳати мизбонии Эрон аз ҳаводорони Ҷоми Ҷаҳонии футбол якшанбе 21 фаврвардин дар ҷазираи Кеш хабар дод.