Фаро расидани солрӯзи вафоти ҳазрати Хадиҷа (с) - ро таслият мегӯем
(last modified Mon, 11 Apr 2022 08:33:00 GMT )
Апрел 11, 2022 13:33 Asia/Dushanbe
  • Фаро расидани солрӯзи вафоти ҳазрати Хадиҷа (с) - ро таслият мегӯем

Даҳуми моҳи мубораки Рамазон солрӯзи вафоти ҳазрати Хадиҷа (с), ҳамсари гиромии ҳазрати Муҳаммад (с) паёмбари Ислом аст.

Ҳазрати Хадиҷа (с), ки аз занони номдору сарватманди Қурайш буд, понздаҳ сол қабл аз беъсат бо паёмбари гиромии Ислом (с) издивоҷ кард.

Ин бонуи бузургвор нахустин зане буд, ки ба рисолати паёмбар имон овард ва бо тамоми тавону сарвати худ ба ёрии дини Ислом бархест. Хадиҷа (с) ҳамаи сарвати худро дар роҳи нашри Ислом ба кор гирифт. Паёмбар (с) ба эҳтироми эшон, дар тӯли ҳаёти ӯ ҳамсари дигаре барнагузид ва пас аз даргузашти вай ҳамвора аз ӯ бо некӣ ёд мекард.

Вуҷуди ҳазрати Хадиҷа (с) барои паёмбари гиромии Ислом (с) ба қадре аҳамият дошт, ки паёмбари акрам (с) реҳлати ин бонуи бузургро мусибате азим хондаву соли реҳлати ҳазрати Хадиҷа (с) ва ҳомии бузурги дигари худ, яъне амӯи худ ҳазрати Абутолиб (а) - ро “соли андӯҳ” номиданд.

Радиои тоҷикӣ фаро расидани солрӯзи вафоти ҳазрати Хадиҷа (с) -ро ба ҳамаи дӯстдорони аҳли байти гиромии паёмбари Ислом ва дигар озодихоҳони ҷаҳон таслият мегӯяд.