Апрел 11, 2022 14:42 Asia/Dushanbe
  • Мизбонии Эрон аз кишварҳои ҳамсоя барои рафъи мушкилоти муҳити зист

Раиси Маркази умури байналмилал ва конвенсияҳои Созмони ҳифозати муҳити зисти Эрон аз мизбонии ин созмон барои гирдиҳамоии кишварҳои ҳамсоя дар ҷиҳати тақвияту тавсеаи муносиботи муҳитизистии минтақаӣ хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, Сайидҳусайни Мусавифар, раиси маркази умури байналмилал ва конвенсияҳои Созмони ҳифозати муҳити зисти Эрон гуфт, пас аз таклифи раёсати ҷумҳурӣ ба ин созмон ва дигар дастгоҳҳои зирабт мабнӣ бар рафъи муъзали резгардҳо аз тариқи дипломатӣ ва маҷомеи байналмилалӣ ва дар таомул бо кишварҳои ҳамсоя, раиси Созмони ҳифозати муҳити зист дастури баргузории нишасти вазирону мақомоти олирутбаи кишварҳои ҳамҷавор ва намояндагони созмонҳои байналмилалии муртабитро содир кард.

Раиси Маркази умури байналмилал ва конвенсияҳои Созмони ҳифозати муҳити зисти Эрон афзуд, нишасти Теҳрон ба зудӣ ва бо талош барои дастёбӣ ба санади байналмилалӣ дар бораи муъзалоти муҳитизистии мухталиф дар минтақа ва осори мухарриби он бар кишварҳои ҳамҷавор ба муддати як рӯз ва бо ҳамкории дастгоҳҳои зирабт баргузор хоҳад шуд.

 

 

 

 

Барчасп