Апрел 13, 2022 16:27 Asia/Dushanbe
  • Сардор Фадавӣ: Инқилоби исломӣ доим дар ҳоли рушд аст

Ҷонишини фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони мнқмлоби исломии Эрон бо баёни ин ки инқилоби исломӣ ба сурати доиму мустамар дар ҷӯшиш ва таваллуд аст, гуфт: Инқилоби исломӣ бо шитоби фаровоне дар ҳоли тавсеа ва рушд ёфтан аст.

Сардори сартип Алии Фадавӣ, ҷонишини фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоб исломӣ гуфт, инқилоби исломӣ решаи ҳукумате, ки қидмати ду ҳазору 500 сола дошт, ончунон барчид, ки гӯӣ ҳеҷ замоне ин ҳукумат вуҷуд надоштааст. Ба ҳамин далел, душманӣ бо инқилоби исломӣ оғоз шуд ва дар ҳашт соли ҳамлаи режими баъси Ироқ ба Эрон, 87 кишвар бо инқилоби исломӣ ҷангиданд.

Сардор Фадавӣ бо баёни ин ки Худо ваъда дода, ки ҳамеша ҳизби Худо бар ҳизби Шайтон пирӯз аст, афзуд: Бар ҳамин асос 43 сол аст, ки пирӯзии ҳизби Шайтон тибқи ваъдаи Худо сурат нагирифтаву инқилоби исломӣ ба масири худ идома медиҳад.

 

Барчасп