Апрел 14, 2022 15:23 Asia/Dushanbe
  • Тероризму таҳоҷуми хориҷӣ-таҳдидоти аслӣ барои амнияти занони ғарби Осиё ҳастанд

Сафиру муовини намояндагии Эрон дар Созмони Миллали Муттаҳид изҳор дошт : Ишғол, таҳоҷуми хориҷӣ ва тероризм ,таҳдидҳои аслӣ барои амнияти занон дар ғарби Осиё ҳастанд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Заҳро Иршодӣ дар нишасти Шӯрои Амният бо мавзӯи занон, сулҳу амният бо ишора ба вазъияти занон дар ғарби Осиё аз ҷумла дар Фаластин изҳор дошт : Хушунати ҷинсӣ ҷинояти фаҷеъ аст, ки ағлаб ба унвони тактики ҷангӣ ва тероризм мавриди истифода қарор мегирад .

Вай гуфт : Таҳдидҳои аслӣ барои амнияти занон дар минтақаи ғарби Осиё шомили ишғол , таҳоҷуми хориҷӣ ва тероризм аст, таҳдидҳое ки ҳеҷ эҳтиромӣ барои ҳуқуқу зиндагии занон қоил нестанд . Вазъияти духтарону занони фаластинӣ намӯнаи боризи ин мавзӯ аст .
Муовини намояндагии Эрон дар Созмони Миллал тасреҳ кард : Дар даргириҳои мусаллаҳона хушунати ҷинсӣ ба таври номутаносиб бар занону духтарон ва ҳамчунин афроде ки дар мавқеъиятҳои осебпазир ҳастанд, таъсир мегузорад ва занону духтарони қурбониёни аслӣ ҳастанд .
Иршодӣ афзуд : Даргирии мусаллаҳона ҳамчунин хатари қочоқи афродро афзоиш медиҳад, ки ба таври ғайримунсифона  занону кудаконеро, ки аз ҷанг фирор мекунанд ва ё дар ҳоле ки ба иҷборӣ ҷоба ҷо мешаванд, ҳадаф қарор медиҳад .
Дипломати аршади Ҷумҳурии исломии Эрон изҳор дошт : Дар даргириҳои мусаллаҳона, қавонӣни башардӯстонаи байналмиллӣ ҳамаи шаклҳои сӯистифодаи ҷинсӣ алайҳи занонро мамнӯъ мекунад ва ҳимоятҳоеро барои ғайринизомиён аз ҷумлаи занону духтарон эҷод мекунад .

Вай хотир нишон кард : Дар ин росто Конвенсияҳои чаҳоргонаи Женева ва ду протоколи илҳоқии он ба таври сареҳу зимнӣ ашколи мухталифи хушунати ҷинсиро ба унвони нақзи ҷиддии ҳуқуқи башардӯстона дар мунозиъоти байналмилалӣ ва дохилӣ маҳкум мекунанд .
Иршодӣ таъкид кард, ки пешгирӣ ва мубориза бо ин амали ғайриинсонӣ ниёзманди талоши ҷамъӣ аст . Вай гуфт : Бо ин ҳол то замоне ки илали аслии он, яъне шароити марбут ба вуқуъи як даргирии мусаллаҳона баррасӣ нашавад, талошҳо муваффақиятомез нахоҳад буд .
Муовини намояндагии Эрон дар Созмони Миллал тасреҳ кардоён додан ба ҳамаи даргириҳои мусаллаҳона муассиртарин роҳ барои ҷилавгирӣ аз чунин ҷиноёте аст .
Вай афзуд : Мутаъасифона то замоне, ки тероризм, ифротгароии хушунатомез, ишғолу мудохилаи хориҷӣ идома дошта бошад, чунин роҳи ҳалле ба саранҷом нахоҳад расид .
Намояндаи Эрон дар ин нишаст ҳамчунин ба вазъияти занон дар Афғонистон ишора кард ва гуфт : Вазъияти кунӯнии Афғонистон таъсири шадидӣ бар ҳуқуқи занон афғон гузоштааст .
Вай афзуд : Бар асоси гузориши ахири Созмони Миллал  занону духтарон ба унвони бахше аз хушунати систематику густарда дар миёни як корзори ҳамоҳанг барои маҳдӯд кардани мушорикати онҳо дар зиндагии иҷтимоӣу сиёсии ҳадаф қарор гирифтаанд .
Намояндаи Эрон таъкид карданони афғон бояд аз ҳуқуқи сиёсӣ ва иҷтимои худ монанди ҳақи таҳсил, кору мушорикати сиёсӣ бархӯрдор шаванд .

Иршодӣ ҳамчунин бар ин мавзеи усӯлии Эрон таъкид кард, ки масоили марбӯт ба занону духтарон бояд тавассути маҷмаъи умумӣ ва соири ниҳодҳои Созмони Миллал мавриди расидагӣ қарор гирад ва Шӯрои амният танҳо дар сурате бояд ба ин мавзӯъот расидагӣ кунад, ки мустақиман ба масоили сулҳу амнияти байналмиллалӣ марбут бошад .

 

Барчасп