Апрел 15, 2022 17:07 Asia/Dushanbe
  • Баргузории нахустин солгарди шаҳодати сардор Ҳиҷозӣ

Нахустин солгарди шаҳодати сардор сарлашкари посдор Сайидмуҳаммад Ҳусайнзодаи Ҳиҷозӣ, ҷонишини Нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони Эрон дар толори Вазорати кишвар баргузор шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Эрон Пресс”, нахустин солгарди шаҳодати сардор сарлашкари посдор Сайидмуҳаммад Ҳусайнзодаи Ҳиҷозӣ, ҷонишини Неруи Қудси Сипоҳи посдорони Эрон (панҷшанбе) дар толори Вазорати кишвар баргузор шуд ва дар ин маросим сардор сартипи посдор Исмоили Қоинӣ, фармондеҳи Неруи Қудси Сипоҳ, хонаводаи шуҳадо ва шуморе аз масъулони кишвариву лашкарӣ ҳузур доштанд.

Сардор Ҳиҷозӣ, ҷонишини Неруи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ шомгоҳи 29 фарвардини 1400 бар асари оризаи шимиёии баҷомонда аз даврони Дифои муқаддас ба ҷамъи ҳамразмони шаҳидаш пайваст.

Сардор сартипи посдор Сайидмуҳаммад Ҳусайнзодаи Ҳиҷозӣ мутаваллиди соли 1335 дар Исфаҳон буд.

Ӯ дар 30 даймоҳи соли 1398 бо ҳукми сардори сарлашкар Ҳусайни Саломӣ, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ба унвони ҷонишини Неруи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоб мансуб шуд.

 

Барчасп