Апрел 15, 2022 18:45 Asia/Dushanbe
  • Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Эрон имрӯз дар авҷи амният қарор дорад

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон гуфт, Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳашт соли Дифои муқаддас иҷоза надоданд ҳатто як зарра аз хоки Эрони исломӣ таҷзия шавад.

Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Алиакбари Абутуробифард, имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон дар намози ҷумъаи ин ҳафта бо баёни ин ки Неруҳои мусаллаҳи Эрон дар Дифои муқаддас аз хоки Эрони исломӣ дар баробари истикбори ҷаҳонӣ дифоъ карданд, афзуд: Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон кишварро ба намоди амнияту иқтидор дар минтақа табдил кардаанд.

Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Абутуробифард ҳамчунин бо ишора ба ин ки Эрони исломӣ дар ҳавзаи иқтисоди донишбунён аз зарфияти бисёр боло ва арзишманде бархурдор аст, гуфт: Таҳаввулоте ки дар ҳавзаи пизишкӣ, муҳандисӣ, нано, био, лейзер ва падофанд рух додааст, маҳсули кори бузурги илмии низоми омӯзишии Эрон аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ соли 1401 ҳиҷрии шамсиро “Соли тавлид, донишбунён, иштиғолофарин” номгузорӣ карданд.