Апрел 15, 2022 18:54 Asia/Dushanbe
  • Эрон борҳо ҳайбати пӯчи Амрикоро шикастааст

Фармондеҳи Неруи заминии артиши Эрон бо ишора ба қудрати дифоии ҷумҳурии исломӣ гуфт, Неруҳои мусаллаҳи Эрон борҳо ҳайбати пӯчу пушолии Амрикоро шикастаанд.

Сартип Каюмарси Ҳайдарӣ дар суханронии пеш аз хутбаҳои намози ҷумъаи имрӯзи Теҳрон бо гиромидошти рӯзи 29 фарвардин, рӯзи артиши Ҷумҳурии исломии Эрон афзуд: Иқтидори дифоии Эрон ба ин нест, ки мисли кишварҳои ҳошияи халиҷи Форс, кишварро ба анбори борут ва ба анбори муҳимоти бегона табдил кард, зеро истимрор надорад.

Сартип Ҳайдарӣ гуфт, бунёни тавони дифоии Эрон худкифоӣ аст, ки ин мавзуъ дар артиши ҷумҳурии исломӣ аз рӯзе, ки мусташорони Амрико ин кишварро тарк карданд, ба ҷойгоҳи зуҳур расидааст.

Фармондеҳи Неруи заминии артиши Эрон ҳамчунин бо ишора ба ҷиноёти режими саҳюнистӣ изҳор дошт, Неруҳои мусаллаҳи Эрон дар сардари тамоми подгонҳо рӯзшумори нобудии режими саҳюнистиро насб кардааст.

29 фарвардин (18 апрел) дар тақвими Ҷумҳурии исломии Эрон ба номи Рӯзи Артиш номгузорӣ шудааст.