Афзоиши 2.6 миллиард долларии содироти Эрон ба кишварҳои арабӣ ва африқоӣ
(last modified Sat, 16 Apr 2022 16:01:09 GMT )
Апрел 16, 2022 21:01 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 2.6 миллиард долларии содироти Эрон ба кишварҳои арабӣ ва африқоӣ
    Афзоиши 2.6 миллиард долларии содироти Эрон ба кишварҳои арабӣ ва африқоӣ

Мудири кулли дафтари арабӣ ва африқоии Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон аз афзоиши ду миллиарду 600 миллион доллар содироти Эрон ба кишварҳои арабӣ ва африқоӣ хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Фарзоди Пилтан, мудири кулли дафтари арабӣ ва африқоӣ Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон гуфт: Оморҳои мунташиршуда нишон медиҳад дар соли 1400 шамсӣ содироти Эрон ба кишварҳои арабӣ ва африқоӣ бо афозиши 20 дарсадӣ нисбат ба соли 1399 аз 13 миллиарду 595 миллион доллар ба 16 миллиарду 293 миллион доллар расид.

Пилтен афзуд: Дар миёни тарафҳои умдаи содироти Эрон ба кишварҳои арабӣ ва африқоӣ дар соли 1400 кишварҳои Ироқ бо 8 миллиарду 900 миллион доллар, Аморот бо 4 миллиарду 900 миллион доллар, Уммон бо 716 миллион доллар, Ғано бо 353 миллион доллар ва Африқоӣ ҷанубӣ бо 254 миллион доллар ба тартиб дар рутбаҳои аввал то панҷум қарор доштанд.

Мудири куллии арабӣ ва африқоӣ Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон ҳамчунин гуфт: Оморҳои мунташиршуда нишон медиҳад воридоти Эрон аз кишварҳои арабӣ ва африқоӣ дар соли 1400 бо 76 дарсад афзоиш нисбат ба соли 1399 аз 10 миллиару 470 миллион доллар ба 18 миллиарду 479 миллион доллар иртиқо пайдо карда аст.

 

Бештар бихонед:

Рушди 51 дарсадии содироти Эрон ба кишварҳои узви ЭКО