Милоди Имом Ҳасани Муҷтабо(а) муборак бод
(last modified Sat, 16 Apr 2022 16:18:01 GMT )
Апрел 16, 2022 21:18 Asia/Dushanbe
  • Милоди Имом Ҳасани Муҷтабо(а) муборак бод
    Милоди Имом Ҳасани Муҷтабо(а) муборак бод

Якшанбе 28 фарвардини соли 1401 шамсӣ, 15 рамазони 1443 қамарӣ ва 17 апрели соли 2022 мелодӣ мусодиф бо солрӯзи мелоди фархундаи ҳазрати Имом Ҳасани Муҷтабо(а), набераи Расули Мукаррами Ислом(с) аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон Имом Ҳасани Муҷтабо(а) ки дар нимаи моҳи мубораки Рамазони соли севвуми ҳиҷрии қамарӣ дар шаҳри Мадина қадам ба арсаи вуҷуд ниҳоданд, нахустин фарзанди ҳазрати Али ибни Абитолиб(а) ва ҳазрати Фотимаи Заҳро(с) духтари Паёмбари Акрам(с) буданд.

Ҳазрати Али(а) ва ҳазрати Фотима(с) дар рӯзи валодати аввалин фарзандашон, кудаки хешро назди Расули Худо(с) бурданд то номе барояш интихоб фармоянд ва Паёмбар(с) низ ба амри Худо Ӯро Ҳасан ба маънои неку ва писандида ном ниҳоданд.

Имом Ҳасан(а) ҳафт сол аз зиндагии хешро дар сояи пурмеҳр ва лутфи ҷаддаш Паёмбари Ислом(с) сипарӣ кард ва пас аз он низ 30 сол шогирди тезҳуш ва ёвари сиддиқ барои падари гиромиаш ҳазрати Али(а) буд.

Ишон пас аз шаҳодати ҳазрати Али(а) ҳидояти уммати исломиро ба уҳда гирифтанд.

Саховат ва меҳрабонии он ҳазрат бо мардум дар даврони ҳаёти пурбаракати он имоми бузургавор ба ҳадде буд, ки мардум ба ишон лақаби "Карими Аҳли байт" доданд.

Радиои тоҷикии Садои Хуросон валодати саросар сурури ҳазрати Имом Ҳасани муҷтабо(а)-ро ба ҳамаи дустдорони Алҳибайти исмат ва таҳорат(а) табрик ва таҳният мегуяд.