Дастёбии Эрон ба сеюмин фанноварии ваксинасозӣ
(last modified Mon, 18 Apr 2022 10:27:19 GMT )
Апрел 18, 2022 15:27 Asia/Dushanbe
  • Дастёбии Эрон ба сеюмин фанноварии ваксинасозӣ

Пас аз Англия, Русия, Чин ва Амрико, Эрон панҷумин кишваре аст, ки ба фанноварии тавлиди воксанҳои «Аденовирус» даст пайдо кард, ки барои дармони саратон ҳам корбурд дорад.

Пас аз гузашти наздик ба 26 моҳ аз густариши вируси корона, Эрон дар ниҳоят тавонист ба сеюмин фанноварии тавлиди ваксина дар дунё даст ёбад. Фанноварии чандманзурае, ки боис мешавад илова бар тавлиди фаврии воксан барои ҷаҳишҳои ҷадиди корона, ба роҳатӣ барои пешгирӣ ва дармони дигар бемориҳо, аз ҷумла анвои саратонҳо мавриди истифода қарор бигирад.

Пеш аз ин танҳо чаҳор кишвари Англия, Русия, Чин ва Амрико ба ин фанноварӣ даст пайдо карда буданд ва ҳоло Эрон панҷумин кишвари созандаи ин воксанҳо ба шумор меравад.

Воксанҳои мавҷуди корона дар дунё бар асоси фанноварӣ ва равишҳои зиёде тавлид мешаванд. Аз ҷумла, воксанҳои ғайрифаъол (Синоформ), воксанҳои mRNA (Файзер), воксанҳои протеинӣ (Нововакс) ва воксанҳое бар пояи ноқили Аденовирусӣ (Астразенека).

Санъати воксансозии Эрон дар ду соли ахир бо муҷаҳҳаз шудан ба ду фанноварӣ, яъне вируси ғайрифаъол (Баракат ва Фахро) ва протеинӣ (Посту Ковак, КовПорс ва Испойкужен) муваффақ ба тавлиди воксан шуд.

Ҳоло бо изофа шудани фанноварии ҷадид, яъне Аденовирус, воксани «Постуквод» -и Институти Пастери Эрон бар пояи ҳамин фанноварӣ дар канори дигар воксанҳои тавлидии кишвар қарор хоҳад гирифт.

Мутолеоти пешболинии ин воксан барои нахустин бор дар кишвар пеш аз дархости муҷаввизи корозмоии болинӣ дар як нашрияи байналмилалӣ ба чоп расидааст.