Ноябр 25, 2016 18:35 Asia/Dushanbe
  • Хатиби ҷумъаи Теҳрон: Шаҳодат дар роҳи Имом Ҳусайн (а) ифтихор аст

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон иқдоми омилони инфиҷори террористии рӯзи панҷшанбе дар шаҳри Ҳиллаи Ироқро, ки сабаби шаҳодати беш аз 80 зоири ҳусайнӣ шуд, маҳкум кард.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, Ҳуҷҷатулислом валмуслмин Козими Сиддиқӣ дар хутбаҳои ин ҳафтаи намози ҷумъаи Теҳрон зимни таслият ба бозмондагони шаҳидони инфиҷори террористӣ дар масири ҳаракати зоирони маросими арбаини ҳусайнӣ дар Ҳиллаи Ироқ гуфт: “Барои зоирон шаҳодат дар роҳи Имом Ҳусайн (а) ифтихор аст”.

 Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Сиддиқӣ, арбаини ҳусайниро сармояе арзишманд, ҳаракати худҷӯш ва омили иттиҳоди миллатҳои мусулмон донист ва афзуд: “Ҳузури бошукӯҳи мардум дар ин маросими бузург яке аз муҳимтарин далелҳои нокомии фитнагариҳо ва шикасти таҳдидҳо бар зидди ҷаҳони Ислом аст”.

 Хатиби ҷумъаи Теҳрон ҳамчунин бо ишора ба дахолатҳои низомии Амрико дар кишварҳои минтақа, ба ҳукумати ояндаи ин кишвар тавсия кард, ба ҷойи идомаи сиёсатҳои оташафрӯзона ва хароҷоти миллионҳо доллар барои роҳандозии ҷанг дар ҷаҳон, ба ҳалли мушкилоти маишатии мардуми Амрико бипардозад.

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон ҳамчунин дар вокуниш ба амалкарди ғайриқонунии режими Оли Халифа дар манъ кардани баргузории маросими азодории арбаини ҳусайнӣ ва саркӯби азодорон дар Баҳрайн, аз бетафовутӣ ва сукути созмонҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқи башарӣ дар баробари ин хушунатҳо интиқод кард.

  Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон идомаи боздошти шайх Иброҳим Закзоки, раҳбари Ҷунбиши исломии Нигерияро ба ҷурми эътиқод ба аҳли байти исмат ва таҳорат (а) ва низ нобуд кардани ҳусайнияҳо дар ин кишварро маҳкум кард.

 

Барчасп