Вуруди нахустин гурӯҳи маҷруҳони ҳодисаи террористии Ҳиллаи Ироқ ба Эрон
(last modified Fri, 25 Nov 2016 14:21:31 GMT )
Ноябр 25, 2016 19:21 Asia/Dushanbe

Субҳи имрӯз-ҷумъа, нахустин гурӯҳ аз захмиҳои ҳодисаи террористии инфиҷори рӯзи панҷшанбеи шаҳри Ҳиллаи Ироқ аз марзи байналмилалии Меҳрон вориди Эрон шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симои Эрон, Муҳаммади Сулаймонӣ, мудири кулли ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари устони Элом гуфт, ин захмиҳо афғонистониҳои муқими Эрон буданд.

Вай афзуд: “40 нерӯи имдодӣ, 21 мошини ёрии таъҷилӣ ва чаҳор автобуси ёрии таъҷилӣ ҳамакнун дар ҳоли омодабош дар марзи Меҳрон ҳастанд ва дар сурати ниёз ба Ироқ фиристода мешаванд то пайкари ҷонбохтагону захмиҳоро аз Ҳилла ба Меҳрон интиқол диҳанд.

Шумори шуҳадои ҳамлаи террористии ДИИШ дар вилояти Бобул, дар Ироқ ба беш аз 100 тан афзоиш ёфтааст.

Манобеи бемористонӣ мегӯянд, боз ҳам эҳтимоли афзоиши теъдоди шуҳадо вуҷуд дорад.

То кунун шаҳодати 40 эронӣ дар ин ҳамлаи террористӣ таъйид шудааст.