Апрел 20, 2022 17:09 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ ҳамалоти террористии дар Афғонистонро маҳкум кард
    Раисӣ ҳамалоти террористии дар Афғонистонро маҳкум кард

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо маҳкум кардани ҳамалоти террористӣ ба чанд мактаб дар Афғонистон ба хонаводаҳои қурбониёни ин ҳамалот таслият гуфт.

Дирӯз сешанбе бар асари се инфиҷори пай дар пай дар муқобили як мактаби писарона дар яке аз маҳаллаҳои шиъанишинони ҳазора дар Кобул пойтахти Афғонистон ҳудуди шаш нафар кушта ва 24 нафари дигар низ захми шуданд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии раёсати ҷумҳурӣ, Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар ҷаласаи ҳайати давлат, масъулияти ин ҳамалотро илова бар террористҳо бар уҳдаи кишварҳое донист, ки дар солҳоигузашта ба номи таъмини амният бо мудохилаи ғайримасъулона бештарин нақшро дар ноамнсози ва бесуботсозии Афғонистон ифо карданд.

Раисӣ ҳамчунин аз ҳайати ҳокими Афғонистон хост, ки бо тамоми тавон барои пешгири аз такрори ин ҳодисаҳо, ки бештарин қурбониёни он тифлҳо ва донишомӯзони бегуноҳ ҳастанд талош кунад.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон  ҳамчунин бо ишора ба фурсатҳо ва чолишҳои равобити тиҷоратӣ бо кишварҳои минтақа вазъияти тиҷоратии Эронро хуб тавсиф ва бар лузуми баҳраманди аз фурсатҳои мавҷуд ва истифодаи бештар аз зарфиятҳои бахши хусуси дар ин арса таъкид кард.

Давлати сездаҳуми Эрон аз замони оғоз ба кори худ дар 3 августи соли 2021 нишон дод, ки ба тавозун дар сиёсати хориҷӣ муътақид аст ва тавсеаи ҳамкори бо ҳамсоягон ва кишварҳои исломӣ дар авлавияти барномаҳои хориҷиаш қарор дорад.

Сиёсати минтақагароӣ, нигоҳ ба шарқ, мушорикат дар созмониҳо ва ниҳодҳоди минтақави ва фароминтақави мисли СҲШ ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ ЭКО аз ҷумла мисодқҳои мутавозинсозии сиёсати хориҷии Эрон аст, ки аз сӯи давлати сездаҳум дунбол мешавад.

 

Барчасп