Вокуниши Ғарибободӣ ба тарҳи ҷанҷолии Англис барои ихроҷи паноҳҷуён
(last modified Wed, 20 Apr 2022 12:41:05 GMT )
Апрел 20, 2022 17:41 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Ғарибободӣ ба тарҳи ҷанҷолии Англис барои ихроҷи паноҳҷуён
    Вокуниши Ғарибободӣ ба тарҳи ҷанҷолии Англис барои ихроҷи паноҳҷуён

Дабири ситоди ҳуқуқи башари қуваи қазоияи Эрон дар вокуниш ба тарҳи ҷанҷолии Англис барои ихроҷи паноҳҷуён гуфт: Барномаи давлати Англис нақзи таъаҳудот ва масъулияти байнламиллалӣ аст.

Англис рӯзи панҷшанбе эълом кард дар назар дорад он даста аз паноҳҷуёнеро, ки ба тариқи ғайриқонунӣ вориди хоки ин кишвар мешаванд ба кишвари африқоӣ Рувондо бифристад.

Козими Ғарибободӣ дар пай имзои таҳри интиқоли иҷбории паноҳҷуён тавассути нахуствазири Англис дар саифаи шахсии худ дар Твиттер навишт: Барномаи давлати Англис барои интиқоли иҷбории паноҳҷуён, нақзи таъаҳудот ва масуълияти байналмиллалии ин кишвар аст. Ин иқдом мулоҳизоти башарӣ ва ахлоқиро комилан нодида гирифта аст, корномаи сиёҳи ҳуқуқи башари Англис ба худи худ гуё аст.