Апрел 22, 2022 16:25 Asia/Dushanbe
  • Хатиби муваққати намози ҷумъаи Теҳрон: Роҳпаймои Рӯзи Қудс душманонро ба хашм меоварад

Хатиби муваққати намози ҷумъаи Теҳрон бо таъкид бар лузуми ҳузури миллати Эрон дар роҳпаймоии Рӯзи Ҷаҳонии Қудс гуфт, роҳпаймоии Рӯзи Қудс душманонро ба хашм меоварад.

Охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон ба ибтикори ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ) бунёнгузори кабири Ҷумҳурии исломии Эрон Рӯзи ҷаҳонии Қудс номгузорӣ шудааст.

Пас аз номгузории охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон ба унвони Рӯзи ҷаҳонии Қудс, миллати мусулмон ба масъалаи Фаластин ба унвони як зарурат дар ҳимоят аз миллатҳои мазлум ва мавриди ситам нигоҳ мекунанд. Оятуллоҳ Сайид Аҳмади Хотамӣ, хатиби намози ҷумъаи Теҳрон дар остонаи Рӯзи Қудс ва баргузорӣ бо шукуҳи роҳпаймоии ин рӯз афзуд: Ҳафтаи оянда аввалин роҳпаймоии Рӯзи Қудс, ки баъд аз ду соли таътилии ин маросим бар асари густариши бемории корона баргузор мешавад, бетардид амали солеҳ ва аз гомҳои комилан худописандона аст.

Оятуллоҳ Хотамӣ гуфт: Режими саҳюнистӣ умед дошт, бо созиши бархе аз кишварҳои арабии минтақа оромиш дар сарзаминҳои ишғолӣ ҳоким шавад, аммо фаластиниҳо бо амалиёти шаҳодатталабона, тавтеаҳои режими саҳюнистиро ноком гузоштанд.

Хатиби намози ҷумъа дар бораи таҳаввулоти ахири Афғонистон ҳам гуфт, инфиҷорҳои террористӣ дар ин кишвар дардовар будаву вазифаи давлати муваққати Толибон аст, таъмини амнияти шаҳрвандони ин кишварро таъмин кунад.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ҳамчунин бо ишора ба рафтори сахифи иҳонат ба Қуръон дар Шветсия ва ҳимояти полису давлати ин кишвар аз ин рафтори сахифу ҷоҳилона ба баҳонаи озодии баён афзуд: Иҳонат ба муқаддасоти 2 миллиард мусулмон озодии баён несту идомаи ин ҳаракоти сахифона ба зарари давлатҳои аврупоӣ аст.

 

Барчасп