Апрел 23, 2022 15:37 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ойини эҳёи дувумин шаб аз шабҳои пурфазилати Қадр дар Эрони исломӣ
    Баргузории ойини эҳёи дувумин шаб аз шабҳои пурфазилати Қадр дар Эрони исломӣ

Ойни эҳёи дуввумин шаб аз шабҳои пурфазилати Қадр бо дар назар гирифтани пратаколҳои беҳдоштӣ ҷиҳати пешгирӣ аз густариши вируси корона дар саросари Эрони исломӣ баргузор шуд.

Имрӯз шанбе 21 моҳи Рамазон соли 1443 ҳиҷри қамарӣ баробар бо сеюми урдибиҳишмоҳи соли 1401 шамсӣ ва баробар бо 23 апрели соли 2022 мелодӣ солрӯзи шаҳодати ҳазрати Алӣ(а) аст.

Шабҳои нуздаҳум, бистуякум ва бистусеввуми моҳи мубораки Рамазон шабҳои Қадр аст ва мусалмонон бо шабзиндадорӣ Қуръон хонда ва намоз мехонад ва бо Худои худ розу ниёз мекунанд.

Саҳаргоҳи нуздаҳуми моҳи мубораки Рамазони соли чилуми ҳиҷрии қамарӣ ибни Мулҷами Муродӣ аз гуруҳи Хавориҷ дар ҳоле, ки ҳазрати Имом Алӣ (а) дар ҳоли иқомаи намози субҳ буданд шамшери заҳролуди худро бар фарқи сари мубораки эшон заданд.

Ҳазрати Имом Алӣ(а) паз аз зарба хурдан дар хона бистарӣ ва ду рӯз баъд яъне бистуякуми моҳи мубораки Рамазон шаҳид шуданд.

Радиои тоҷикии Садои Хуросон орзӯи қабули тоъату ибодати тамоми мусалмононро аз моҳи мубораки Рамазон бавижа шабҳои Қадр аз Худованд мутаъол хостор аст.

 

Барчасп