Тавзеҳоти Козимии Қумӣ дар бораи моҷарои марзии Эрон ва Афғонистон
(last modified Sun, 24 Apr 2022 07:46:21 GMT )
Апрел 24, 2022 12:46 Asia/Dushanbe
  • Пас аз ин таниш миёни марзбонони дутараф марзӣ Исломқаъла баста шудааст
    Пас аз ин таниш миёни марзбонони дутараф марзӣ Исломқаъла баста шудааст

Намояндаи вижаи раисиҷумҳурии Эрон дар умури Афғонистон таъкид кард: Дар тамосе, ки бо Вазорати кишвар ва дифоъи Толибон сурат гирфт таъкид шуд, ки иқдомот бояд тавақуф ва мавзӯъ дар чорчӯби камисиюнии олии марзӣ ва берузрасонии асноди дукишвар ҳаллу фасл шавад.

Ба гузориши Садои Хуросон, Ҳасан Козимии Қумӣ намояндаи вижаи раисиҷумҳурии Эрон дар умури Афғонистон дар бораи таниши марзии рӯзи шанбе гуфт: Толибон иқдом ба ҷодасозии бидуни ҳамоҳангии қабли дар маҳдудаи марзии Дуғорӯн ва нақзи марз кард, ки марзбонии Ҷумҳурии Исломии Эрон монеъ шуд.

  • Козимии Қумӣ афзӯд: Дар тамосе. ки бо Вазорати кишвар ва дифоъи Толибон сурат гирифт таъкид шуд, ки  мавзӯъ дар чорчӯби камисиюни олии марзӣ ва берӯзрасонии асноди дукишвар ҳаллу фасл шавад.

Ба гуфтаи шоҳидони айни ин таниш пас аз он берӯз кард, ки нерӯҳои марзии Толибон қасти эҳдоси ҷодда дар минтақаи марзии дукишварро доштанд, ки бо мухолифати нерӯҳои марзбони Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯбарӯ шуданд.

  • Ин иқдоми Эрон бо муқовимати нерӯҳои Толибон мувоҷҷеҳ шуд ва пас аз баҳсу мушоҷира дутараф ба ҳолати омода бош даромаданд.

Як манбаи огоҳ дар Ҳирот дар бораи ин ҳодиса гуфт:, ки феълан марзӣ Исломқаъла то иттилои сонавӣ баста шуда ва нерӯҳои амниятии Толибон ба самти марз дар ҳарак ҳастанд.

  • Мақомоти Толибон то кунӯн дар бораи ин ҳодиса  мавзӯъе иттихоз накарданд.

Пас аз ин таниш миёни марзбонони дутараф марзӣ Исломқаъла бастта шудааст.

 

Бештар бихонед: