Апрел 24, 2022 20:59 Asia/Dushanbe
  • Дидори донишҷуён бо Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ сешанбе
    Дидори донишҷуён бо Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ сешанбе

Донишҷуён ва ташакулҳои донишҷуӣ донишгоҳҳои саросари Эрон сешанбе бо Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дидор мекунанд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, дидори донишҷуён ва ташакулҳои донишҷуӣ бо Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ба расми ҳарсола имсол низ дар аёми моҳи мубораки Рамазон баргузор мешавад.

Донишҷуён сешанбе ҳамзамон бо 24 Рамазон бо ҳузур дар ҳусайнияи Имом Хумайнӣ(р) бо ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дидор мекунанд.

Ин дидор пас аз ду сол вақфа, ки ба далели густариши бемории корона ба сурати ғайри ҳузури баргузор мешуд, имсол ба сурати ҳузури анҷом мешавад ва намояндагони ташакулҳои донишҷуӣ дар ҳузури Раҳбари инқилоби исломӣ суханронӣ хоҳанд кард.

 

Барчасп