Маросими шаби Қадр дар Эрони исломӣ: Аз шеърхониву дуо то эҳдои хун
(last modified Mon, 25 Apr 2022 05:45:25 GMT )
Апрел 25, 2022 10:45 Asia/Dushanbe

Мардуми Эрони исломӣ дар сеюмин шаби Қадр ба азодорӣ, хондани дуои Ҷавшани Кабир ва эҳдои хун пардохтанд.

Шабҳои нуздаҳум, бистуякум ва бистусеюми моҳи мубораки Рамазон шабҳои Қадр аст.

Эрони исломӣ, аз ҷумла Машҳади муқаддас, Шероз ва Табрез дар шимолу шарқ, ҷануб ва шимоли ғарби Эрон, дар сеюмин шаби Қадр саросар дуо, ниёйиш ва сиёҳпӯш буд ва рӯзадорон дар сӯги шаҳодати имом Алӣ (а), васӣ ва ҷонишини барҳақи паёмбар (с) ба азодорӣ пардохтанд ва Қуръон бар сар гирифтанд.

Маросими эҳёи шаби бистусеюми моҳи мубораки Рамазон дишаб (якшанбе) бо риояти протоколҳои беҳдоштӣ ва фосилагузории иҷтимоӣ дар мусаллои имом Хумайнӣ (раҳ) –и Табрез, маркази устони Озарбойҷони Шарқӣ баргузор шуд.

Мардуми Табрез бо ҳузур дар мусаллои имом Хумайнӣ (раҳ), дар канори аъмоли шабҳои Қадр, дар пойгоҳи интиқоли хун, мустақар дар ин маҳал ҳузур ёфтанду хун эҳдо карданд.

Ҳофизияи Шероз - маркази устони Форс ҳам дар сеюмин шаби Қадри моҳи мубораки Рамазон мизбони мардум ва рӯзадорон буд ва то саҳаргоҳи душанбе ба азодорӣ, хондани дуои Ҷавшани Кабир ва Қуръон бар сар гирифтан пардохтанд.

Ҳамчунин дар ин маросим абёте аз ашъори Ҳофиз хонда шуд.