Апрел 25, 2022 12:36 Asia/Dushanbe
  • Омодагии ширкатҳои донишбунёни эронӣ барои содирот ба Русия

Мудири тавонмандсозии Сандуқи нӯроварӣ ва шукуфоии раёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон аз омодагии ширкатҳои донишбунёни эронӣ барои содироти маҳсулоти донишбунён ба Русия хабар дод.

Бистунуҳумин намоишгоҳи "якшанбеҳои содиротӣ" бо ҳузури ширкатҳои донишбунёни дохилӣ ва ҳайати тиҷории Русия дар Теҳрон баргузор шуд.

Дар ин намоишгоҳ чандин ширкати донишбунёни эронӣ маҳсулоти мухталифе дар ҳавзаи иртибототу иттилоотро дар маърази намоиш қарор доданд.

Марзия Шовердӣ, мудири тавонмандсозии Сандуқи нуроварӣ ва шукуфоии раёсати Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, дар 28 рӯйдоди қаблӣ 15 ширкат тавонистанд бо ақди қарордодҳое маҳсулоти худро ба кишварҳои хориҷӣ содир кунанд.

Мудири тавонмандсозии Сандуқи нуроварӣ ва шукуфоии раёсати Ҷумҳурии Эрон афзуд, дар ин рӯйдоди фанноварона мутахассисоне аз ширкатҳои донишбунёни эронӣ ва бозорёбони Русия дар хусуси роҳкорҳои содироти маҳсулоти донишбунёни Эрон ба Русия ва дигар кишварҳо гуфтугӯ ва ройзанӣ карданд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп