Апрел 26, 2022 17:26 Asia/Dushanbe
  • Роҳпаймоии рӯзи Қудс дар Эрон бо риъояти шиваномаҳои беҳдоштӣ баргузор мешавад
    Роҳпаймоии рӯзи Қудс дар Эрон бо риъояти шиваномаҳои беҳдоштӣ баргузор мешавад

Вазири кишвари Эрон аз баргузории роҳпайпоии рӯзи ҷаҳонии Қудс дар Эрон бо риъояти шиваномаҳои беҳдоштӣ хабар дод.

29 апрели соли 2022 баробар бо 9 урдибиҳишти 1401 масоф бо 27 рамазонӣ соли 1443 рӯзи ҷаҳнии Қудс аст. Имом Хумайнӣ(р) бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон барои зиндамондани масъалаи асосии Фаластин ва эъломи ҳамбастагии мусалмонон бо фаластиниҳо ва басиҷи нерӯҳо барои наҷоти Қудси шариф аз ишғоли саҳюнистҳо охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазонро ба унвони рӯзи ҷаҳонии Қудс номгузори карданд.

Ба гузориши ИРНА, Аҳмади Ваҳидӣ, вазири кишвари Эрон ва фармондеҳи қароргоҳи ситоди миллии муқобила бо корона дар Эрон пас аз баргузории нишасти ин қароргоҳ, гуфт: Дар роҳпаймоии рӯзи ҷаҳонии Қудс, риъояти муқарароти беҳдоштӣ монанди истифода аз маска ва ҳифзи фосила мавриди таъкид аст.

Ваҳидӣ бо таъкид бар иқдомоти кантроли ва муроқибатҳои беҳдоштӣ ва ба вижа дар бораи навъи ҷадиди вируси корона афзуд агар чи дар ин замина нигарони вуҷуд надорад, аммо расад ва поиши навъҳои ҷадид ба таври ҷиддӣ дар дастури кори дастгоҳҳои муртабит қарор дорад.

 

Барчасп