Апрел 28, 2022 15:02 Asia/Dushanbe
  • Ҳеҷ омиле наметавонад иртиботи амиқ ва дӯстонаи  думиллат Эрон ва Ироқро хароб кунад
    Ҳеҷ омиле наметавонад иртиботи амиқ ва дӯстонаи думиллат Эрон ва Ироқро хароб кунад

Раисиҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Маҷлиси ҷадиди Ироқ метаволнад чун гузашта дар ҳамгароӣ ва ҳамафзоии иқтисодӣ ва иҷтимоъии Эрон ва Ироқ нақшофаринии муасире дошта бошад.

Ба гузориши Садои Хуросон Сайид Иброҳими Раисӣ, зӯҳри чаҳоршанбе дар дидор бо Муҳаммад Алҳалбусӣ раиси Маҷлиси Ироқ бо ишора ба собиқаи чанд ҳазор солаи дӯстӣ ва ҳамсоягии Эрон ва Ироқ гуфт: Дукишвар барои тавсиаи ҳамаҷонибаи равобит иродаи ҷиддӣ доранд ва ҳеҷ омиле наметавонад иртиботи амиқ ва дӯстонаи  думиллат Эрон ва Ироқро хароб кунад.

  • Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ибрози хурсандӣ аз сатҳи матлуби таомулоти маҷолиси Эрон ва Ироқ тасреҳ кард: Маҷлиси Ироқ метавонад маҳалле барои пайванд ва густариши ҳамкориҳои парлумонии кишварҳои ҳамсоя ва минтақа бошад ва Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҳеҷ гӯна кумаке дар ин робита дареғ нахоҳад кард.

Раисӣ бо табрики интихоби муҷаддади раиси Маҷлиси Ироқ ба ин симат, гуфт: Ҳарчӣ сариътар бо интихоби раисиҷумҳур ва нахуствазир ва ташкили кобина ҳам ба рафъи мушкилоти мухталифи мардуми Ироқ кумак кунад ва ҳам равобити ҳамаҷонибаи Ироқ бо кишварҳои ҳамсоя ба вижа Эрон густардатар шавад.

Раисӣ хотирнишон кард: Умедворам Маҷлиси Ироқ бо тасвиби қавонини лозим монеъ аз шаклгирии авомили таҳдид кунандаи амниятии ҳамсоягон ва барҳамзанандаи суботи минтақа шавад.

Муҳаммад Алҳалбусӣ раиси Маҷлиси Ироқ низ дар ин дидор бо таъкид бар лузуми истимрор ва тақвияти равобити дӯстонаи думиллат ва дукишвар, гуфт: Ҳар дукишвар солҳои сахтеро пушти сар гузоштаанд ва бояд бо ҳамкори ва ҳамфазоӣ бо якдигар ояндаи мутафовите барои миллатҳои худ рақам бизананд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп